Бо мақсади тарғибу ташвиқи рушди сайёҳии дохилӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, шиносоӣ бо таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, рӯзи 29 августи соли 2026 як қатор кормандони ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” сафари сайёҳӣ ба маконҳои таърихию фарҳангии водии Ҳисорро анҷом доданд.
Дар доираи ин сафар, кормандони ҷамъият аз Қалъаи Ҳисор, ки яке аз ёдгориҳои беназири таърихи ба ҳисоб меравад, боздид намуданд. Сипас, иштирокчиёни сафар ба деҳаи зебоманзараи Қаратоғ сафар карда, аз Осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода дидан карданд. Дар ин ҷо кормандон бо лавозимоти хотиравӣ, китобҳо, ҳуҷҷатҳо ва гӯшаҳои хотиравие, ки рӯзгору эҷодиёти шоири бузургро инъикос мекунанд, шинос шуданд.
Чунин иқдомҳо на танҳо ба фароғати мазмунбори кормандон мусоидат мекунанд, балки дар шинохти ҳарчи бештари таърихи диёр ва рушди сайёҳии дохилӣ саҳми арзанда мегузоранд.




















