Бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 7 майи соли 2024 ҳамасола 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда мешавад. Бо ин мақсад 25 майи соли 2026 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Футбол яке аз намудҳои рушдёфтаи соҳаи варзиш дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар байни аҳолӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиш маҳбубияти зиёд касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо барои рушди ин намуди варзиш тамоми имкониятро фароҳам овардааст.
Таъмини рушди футбол дар Тоҷикистон ва дастгирии варзишгарон, хусусан футболбозон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.
Вобаста ба ин кормандони ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои интиқоли барқ” дастаҷамъона ҷиҳати тарғиби Рӯзи ҷаҳонии футбол миёни ҷомеа санаи 25 майи соли 2026 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуданд.



















