АРҶГУЗОРӢ БА СОЛГАРДИ НАВБАТИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – САНАДИ МУҚАДДАСУ САРНАВИШТСОЗ, КАФИЛИ СУБОТУ РУШДИ ВАТАНИ МАҲБУБ

Санаи 6 сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи ширкат бо иштироки роҳбарият ва кулли кормандони ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”, ҶСК “Барқи Тоҷик” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба ифтихори солгарди навбатии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷорабинии мазкур бо сухани муқаддимавии табрикотии муовини Директори генералии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” Б.Усмонов ҳусни оғоз ёфта, сипас бо суханрониву табрикоти меҳмони ҷаласа ва дигар масъулину кормандони ҳар се шабака вобаста ба арҷгузорӣ ба ин санаи муқаддас  – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳӯурии Тоҷикистон идома ёфт.

Баъд аз ифтитоҳи ҷаласаи тантанавӣ роҳбарият ва як қатор масъулини ҷамъиятҳо ба сухан баромада, ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, ҳамзамон қайд карданд, ки  мову шумо ва ҳамаи сокинони ин сарзамини файзбор бо шукргузорӣ аз ободиву осудагӣ, сулҳу субот ва бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ин ҷашни  муқаддас – Истиқлолияти давлатиро, ки кафолати рушди кишвар ва муҳимтарин омили пешравии ҷомеа буда, маҳз бо шарофати сиёсати сулҳпарварона ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ҳамчун неъмати нодиру бебаҳо қадр намуда, барои устувор гардонидани дӯстиву якдилии миллӣ, ноил гардидан ба дастовардҳои боз ҳам беҳтар дар ҳамаи соҳаҳо ва табдил додани Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафта кӯшиш хоҳем намуд.

Пӯшида нест, ки Истиқлолият муқаддастарин неъмати дунё, рукни асосии давлату давлатдорӣ, шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо ба шумор меравад.  Миллати куҳанбунёди мо аз он шукргузорӣ менамояд, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории мо ва гузаштагони озодихоҳамон бо кӯшишу талошҳо ва бурду бохт оқибат ҷомаи амал пӯшид ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақил ва ободу тинҷу озоди худ ҳастем.

Аз файзу баракати Истиқлолият ва таҳти роҳбарии бунёдкоронаву созандаи Сарвари хирадманду оқил – Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба як силсила дастовардҳои муҳим ноил гардидем.

 Дар самти сиёсати дохилӣ ин пешравиҳо бевосита ба сатҳи зиндагии мардум таъсири мусбӣ расонида, баҳри таҳкими фазои озоду босубот мусоидат намуданд. Аз дастовардҳои муҳим дар сиёсати дохилӣ ин анҷоми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ноил гардидан ба Ваҳдати миллӣ мебошад, ки он рукни муҳими истиқлолияти давлатии кишвар ба шумор меравад.

Тавре ҳамагон огаҳӣ дорем, дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар зарари азиме расонида шуд, ки он беш аз 10 млрд. доллари амрикоӣ баҳогузорӣ мешавад. қарзҳои берунӣ ва дохилӣ босуръат афзоиш ёфта, дар бозори истеъмолӣ маводи хӯрока ва молҳои аввалиндараҷаи ниёзи мардум намерасид.

Дар идомаи ҷаласаи тантанавӣ ҳамчунин дигар кормандону масъулини ширкатҳои болозикр бо суханҳои табрикотӣ баромадҳо намуда, оиди аҳамияту муҳимияти ин санади муқаддас, ки барои ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ азизу гиромӣ мебошад, изҳори ақида намуданд. Зимни суханрониҳо ҳамчунин иброз гардид, ки ба мақсади пешгирии таназзули иқтисодиёт аз давраи аввали Истиқлолияти давлатӣ ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаву сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ шурӯъ намуд, ки метавон онро нахустин иқдомҳои мубориза бо камбизоатӣ ва таъмини рушди устувор унвон кард. Бо қабул ва татбиқи Стратегияи миллии рушд, силсилаи барномаҳои рушди бахшу соҳаҳо ҳамчун заминаи устувор барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ амалӣ шуданд.

Аз он давраи фоҷиабори ба сари кишвар ва мардуми он омада метавон зиёд сухан гуфт, лекин мо ба ҳамин гуфтаҳо иктифо намуда, бо шукргузорӣ аз осудагии ин диёри зархезу зарбахшамон аз як гиребон сар бароварда, дастаҷамъона кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, то бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои боз ҳам арзанда ноил гардем.   

 Имрӯз бо шукрона аз давлати соҳибистиқлол ва таҳти сиёсати бунёдкоронаву ҳидоятҳои неки  муҳтарам Ҷаноби Олӣ Истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон тавассути амалҳои созандаву ободгаронаи фарзандони ватандӯсту бонангаш дар қалби ҳар фарди ҷомеа ба вожаи воқеан ҳам муқаддас табдил ёфтааст, зеро пос доштан ва ҳифз намудани Истиқлоли миллӣ бо ҳифзи Ватан, ҳифзи падару модар ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст.

Дар ҷараёни ҷаласаи тантанавӣ махсус таъкил гардид, ки дар соли  равон – соли таҷлили 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии бунёдкоронаи Пешвои миллат, мо ҳама кормандони ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”, ҶСК “Барқи Тоҷик” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва дигар масъулини соҳаҳои марбут ба фаъолият дар соҳаи энергетика дар ҳамбастагӣ бо тамоми мардуми шарифи Ватани маҳбубамон баҳри  вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсоливу иҷтимоии кишвар ва устувор нигоҳ доштани он, инчунин фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистони азиз тамоми донишу малака ва қудрату тавоноии хешро равона хоҳем сохт.

Дар ҳошияи ин ҳама суханҳои нек танҳо метавон ҳаминро таманно намуд, ки бигузор ин муттаҳидиву ягонагӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва воситаи рушди давлатамон таҳти сарварии созандаи Пешвои муаззами миллат, ҳамеша пойдору устувор боқӣ монда, ҳамаи ниятҳои неку наҷиби сокинони ин куҳандиёр баҳри шукуфоиву пойдории кишварамон, сарҷамъии миллат ва зиндагии орому осудаи сокинонаш амалӣ гарданд.

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ин рӯйдоди муҳим – солгарди навбатии Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар фазои идона, бо табъи болидаи кормандон идома ёфта ва дар ҳамин руҳияи тантанавию хотирмон хотима ёфт.

Share:

Author: admin_shib

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *