БАРРАСИИ ИМКОНИЯТҲОИ ҲАМКОРӢ ҶСК «ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ» БО ШИРКАТИ «CEE GROUP CO., LTD.»

20-уми октябри соли 2026 директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» Мирзо Маҳмудзода бо ҳайати ширкати «China Electrical Equipment Group Co., Ltd.»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот анҷом дод.

Дар меҳвари суҳбат имкониятҳои роҳандозии ҳамкорӣ дар самти истифодаи таҷҳизоти барқии ширкати чинӣ барои эҳтиёҷоти зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқи баландшиддат қарор гирифт.

Намояндагони ширкати «China Electrical Equipment Group Co., Ltd.» зарфиятҳои истеҳсолӣ ва самтҳои фаъолияти худро муаррифӣ намуда, доир ба хусусиятҳои техникии таҷҳизоти истеҳсолшаванда ва имкониятҳои истифодаи он дар шабакаҳои интиқоли барқ маълумот пешниҳод карданд.

Директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» иброз дошт, ки таъмини зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ бо таҷҳизоти муосиру боэътимод яке аз омилҳои муҳими фаъолияти устувори низоми энергетикӣ мебошад. Интихоби таҷҳизоти ҷавобгӯ ба талаботи техникӣ барои баланд бардоштани эътимоднокии интиқоли неруи барқ, хизматрасонии босифати иншоот ва навсозии инфрасохтори мавҷуда аҳамияти хос дорад.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқтари имкониятҳои ҳамкорӣ ва мушаххас намудани самтҳои он, баррасии масъалаҳои марбутаро дар сатҳи гурӯҳҳои техникӣ идома диҳанд.

Share:

Author: admin_shib

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *