ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА РАҲНАМОИ ҶАВОНОН ДАР МАСИРИ СОЗАНДАГӢ

 Имрӯз (24 июни соли 2026) дар толори маҷлисгоҳи ширкат бо иштироки роҳбарият ва кулли кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”, ҶСК “Барқи Тоҷик” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба ифтихори солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо сухани муқаддимавии табрикотии муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадзода Ш. ҳусни оғоз ёфта, сипас бо суханрониву табрикоти меҳмони ҷаласа – муовини якуми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам, роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҷабали Турсунзода ва дигар кормандон вобаста ба арҷгузорӣ ба ин санаи муқаддас  – Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ба имзо расидани Созишномаи сулҳу Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигароиву ҳамдигарбахшӣ идома ёфт.

Баъд аз ифтитоҳи ҷаласаи тантанавӣ роҳбарият ва як қатор масъулини ҷамъиятҳо ба сухан баромада, ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, ҳамзамон қайд карданд, ки Ваҳдати миллӣ – ин асоси осудагии мардум ва кафолати пешравии ҷомеа ба ҳисоб рафта, маҳз бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаву моро ҷониби рушду нумӯи Ватани маҳбуб ва устувор гардидани дӯстиву якдилии байниҳамдигарӣ раҳнамоӣ намуда истодааст.

Дар охир барои мусоидати фаъол дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон як қатор ҷавонон бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.  


Share:

Author: admin_shib