Дар толори маҷлисгоҳи ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» санаи 15 апрели соли 2026 вохӯрии омӯзишӣ доир гардид. Дар ин вохӯрӣ Пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявй ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми марта соли 2026, №-1.1- 11/1028 муҳокима карда шуд.
Дар рафти ҷаласа аз ҷониби намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни кормандон, баланд бардоштани масъулияти шахсӣ ва таъмини шаффофият дар раванди иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ки дар Пешниҳоди Агентӣ зикр шудаанд, бори дигар таъкидҳо сурат гирифтанд.




















