
Санаи 26 июни соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи ширкат бо иштироки роҳбарият ва кулли кормандони ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”, ҶСК “Барқи Тоҷик” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба ифтихори солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷорабинии мазкур бо сухани муқаддимавии табрикотии Директори генералии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” муҳтарам М.Маҳмудзода ҳусни оғоз ёфта, сипас бо суханрониву табрикоти меҳмони ҷаласа – мудири кафедраи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, адиб ва рӯзноманигор Ҷонибеки Асрориён ва дигар кормандон вобаста ба арҷгузорӣ ба ин санаи муқаддас – Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ба имзо расидани Созишномаи сулҳу Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигароиву ҳамдигарбахшӣ идома ёфт.
Баъд аз ифтитоҳи ҷаласаи тантанавӣ роҳбарият ва як қатор масъулини ҷамъиятҳо ба сухан баромада, ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, ҳамзамон қайд карданд, ки Ваҳдати миллӣ – ин асоси осудагии мардум ва кафолати пешравии ҷомеа ба ҳисоб рафта, маҳз бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаву моро ҷониби рушду нумӯи Ватани маҳбуб ва устувор гардидани дӯстиву якдилии байниҳамдигарӣ раҳнамоӣ намуда истодааст.
Иброз гардид, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, ки хатари нобудии давлати тоҷикон ва парокандагии миллатро ба вуҷуд оварда буд, Ваҳдати миллӣ ҳамчун меъёри ягонаи бақо, субот ва пешрафт пазируфта шуд. Дар он замон, Тоҷикистон дар канори фоҷиа ва нобудшавӣ қарор дошт ва миллате, ки ҳазорсолаҳо бо фарҳанги пурғановат ва тамаддуни куҳан машҳур буд, метавонист дар вартаи торикӣ ғӯтавар гардад. Дар чунин шароит, танҳо тавассути муколама, гузаштҳои бузург ва ҳикмати сиёсии амиқ, роҳбарият ва мардуми кишвар тавонистанд ин таҳдиди бузургро рафъ созанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус ва матонати худ, тавонистанд ба ҷанги хунин хотима бахшида, мардумро дар атрофи як ҳадафи умумӣ муттаҳид созанд. Ин иқдомашон на танҳо боиси қатъи низоъ гардид, балки заминаи мустаҳкам барои рушди ояндаи кишварро фароҳам овард. Имрӯзҳо низ, пас аз даҳсолаҳо, нақши Пешвои муаззами миллат ҳамчун кафили устувории сиёсӣ ва сулҳу ваҳдат дар кишвар ба таври возеҳ эҳсос мешавад.
Қайд гардид, ки аз нигоҳи андешаи сиёсӣ, ваҳдат падидаи аз сарнавишти инсонҳо ва ҷомеаҳо ҷудонашаванда аст. Ваҳдат ба маънии ҳамбастагӣ, ҳамдилӣ ва ҳамфикрӣ, дар зери як парчам, бо ҳадафҳои умумӣ ва ормонҳои воло мебошад. Ин ормон дар фарҳанги тоҷикон решаҳои амиқ дорад. Ин ҳикматро таърих борҳо собит намудааст ва таҷрибаи Тоҷикистон низ намунаи барҷастаи он мебошад.
Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон танҳо як иқдоми сиёсӣ набуд, балки эҳёи фарҳанг, арзишҳо ва ормонҳои таърихии миллат буд. Он тавонист рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиромро дар ҷомеа барқарор созад ва миллатро аз нав ба давлати устувор ва суботи комил роҳнамоӣ кунад. Ин ваҳдат тавонист дар дили мардум эътимод ба фардо, умед ба рушд ва боварӣ ба нерӯҳои созандаи ҷомеаро дубора зинда кунад.
Бо барқарории ваҳдат ва субот, роҳ барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ боз гардид. Тоҷикистон имконият пайдо намуд, ки ба барномаҳои бузург ва стратегӣ, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳо, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва инфрасохтори муҳими иҷтимоӣ даст занад. Нерӯгоҳи Роғун, ки имрӯз ҳамчун рамзи ифтихори миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ шинохта мешавад, маҳз бо шарофати сулҳ ва субот ба даст омадааст. Ваҳдат имкон дод, ки сармоягузории дохиливу хориҷӣ афзоиш ёфта, зиндагии мардум беҳбуд ёбад ва мақоми байналмилалии Тоҷикистон баланд гардад.
Дар идомаи ҷаласаи тантанавӣ ҳамчунин дигар кормандону масъулини ширкатҳои болозикр бо суханҳои табрикотӣ баромадҳо намуда, оиди аҳамияту муҳимияти ин рӯйдоди муқаддас, ки барои ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ азизу гиромӣ мебошад, изҳори ақида намуданд. Зимни суханрониҳо ҳамчунин иброз гардид, ки аз оғози ба имзо расидани Созишномаи сулҳу ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ миллати созандаи тоҷик зери ливои озодиву соҳибихтиёрии худ муттаҳид гардида, барои ободонии Ватани худ ва ба як кишвари пешрафта табдил додани он то имрӯз азму талош дорад.
Бо ифтихор мебояд зикр намуд, ки ҳоло мардуми шарифи кишвар, сиёсати бунёдкоронаи Роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, дарк намудаанд, ки эҳтироми Ваҳдати миллӣ маънои арҷгузориву ифтихор аз гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва ватандорӣ ҳисобида мешавад.
Имрӯз бо шукрона аз давлати соҳибистиқлол ва таҳти сиёсати бунёдкоронаву ҳидоятҳои неки муҳтарам Ҷаноби Олӣ Ваҳдати миллии кишвари маҳбубамон тавассути амалҳои созандаву ободгаронаи фарзандони ватандӯсту бонангаш дар қалби ҳар фарди ҷомеа ба вожаи воқеан ҳам муқаддас табдил ёфтааст, зеро пос доштан ва ҳифз намудани Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ бо ҳифзи Ватан, ҳифзи падару модар ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст.
Дар ҷараёни ҷаласаи тантанавӣ махсус таъкил гардид, ки дар соли равон – соли таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти роҳбарии бунёдкоронаи Пешвои миллат, мо ҳама кормандони ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”, ҶСК “Барқи Тоҷик” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва дигар масъулини соҳаҳои марбут ба фаъолият дар соҳаи энергетика дар ҳамбастагӣ бо тамоми мардуми шарифи Ватани маҳбубамон баҳри вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсоливу иҷтимоии кишвар ва устувор нигоҳ доштани он, инчунин фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистони азиз тамоми донишу малака ва қудрату тавоноии хешро равона хоҳем сохт.
Дар ҳошияи ин ҳама суханҳои нек танҳо метавон ҳаминро таманно намуд, ки бигузор ин муттаҳидиву ягонагӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва воситаи рушди давлатамон таҳти сарварии созандаи Пешвои муаззами миллат, ҳамеша пойдору устувор боқӣ монда, ҳамаи ниятҳои неку наҷиби сокинони ин куҳандиёр баҳри шукуфоиву пойдории кишварамон, сарҷамъии миллат ва зиндагии орому осудаи сокинонаш амалӣ гарданд.
Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ин рӯйдоди муҳим – солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои идона, бо табъи болидаи кормандон идома ёфта ва дар ҳамин руҳияи тантанавию хотирмон хотима ёфт.










