Ҷавонон парчамбардори имрўзу фардои миллат

Имруз (23-юми майи соли 2025) дар ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» бахшида ба Рўзи ҷавонон ҷамъомади тантанавї баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кулли ҷавонони ҷамъият ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни ҷаласаи тантанавї ҳозирин зимни суханрониҳои табрикиашон аз мавқеву мақоми торафтафзояндаи ҷавонон – созандагони Ватан, дар сиёсати имрўзаи давлати соҳибистиқлоламон, фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳо, пешбурди иқдомҳои созанда ва нақшу саҳми босазои онҳо дар рушди  тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъкид ба амал оварданд.

Иброз гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷавонони кишвар низ дар навбати худ, бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат, вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ба корҳои бунёдгаронаву созанда машѓул мебошанд. Тавре аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, “Ҷавонони тоҷик дар рушди кишвар саҳми арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар ҳифзи марзу бум, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.”

Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавї, аз тарафи роҳбарият як қатор ҷавонони ҷамъият, ки бо хохиши худ аъзои Ҳизби Халқии Демократии Точикистон гардиданд дар Ташкилоти ибтидоии «Неруи интиқол» дафтарчаҳои ҳизбиашон тақдим гардид.


Warning: Trying to access array offset on value of type bool in /home/shib/sites/shib.tj/wp-content/themes/coolwp-pro/inc/functions/share-buttons.php on line 36
Share:

Author: admin_shib