Ҷаласаи дастаҷамъонаи кормандони дастгоҳи марказии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва филиали он дар шаҳри Душанбе оид ба муҳокимаи пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 23 апрели соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” вобаста ба шарҳи умумии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 07.08.2020, №1714 ва хусусиятҳои хоси татбиқи муқаррароти меъёрҳои он, муҳокимаи пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2025, №11-919 “Дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамояд” ва дигар омилҳои пешгирии коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории Ҷамъият, Фаромарз Раҳмонзода – сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли кормандони дастгоҳи марказии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва филиали ҷамъият дар шаҳри Душанбе, ҷаласаи корї баргузор гардид.

Ҷаласаи кориро сардори департаменти молия ва маъмурии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» А. Каримзода кушода эълон намуда, қайд карданд, ки ҷаласаи имрӯза ба шарҳи умумии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 07.08.2020 сол, №1714 ва хусусиятҳои хоси татбиқи муқаррароти меъёрҳои он ва муҳокимаи Пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2025, №11-919 “Дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамояд” мавриди баррасї қарор хоҳад гирифт.

Мавсуф таъкид ба амал оварданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, инчунин хавфу хатар ва оқибатҳои манфии онҳо изҳори назар намуда, вобаста ба роҳу усулҳои пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб ва аз байн бурдани ин хавфи ҷомеаро масъалагузорӣ менамоянд ва дар паёмҳои Президенти мамлакат мубориза бар зидди коррупсия самти афзалиятноки фаъолияти давлат ҳисобида шудааст. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд: “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.”

Сипас, сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Фаромарз дар маҷмуъ муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”-ро шарҳ дод.

Номбурда иброз намуд, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007, таҳти № 143 ва маротибаи дуюм аз 7 августи соли 2020, №1714 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” қабул карда шудааст.  Қонуни мазкур ба мавзўҳои муқаррароти умумї, ваколатҳои субъектҳои муқовимат ба коррупсия, пешгирии коррупсия, ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ҷавобгарї барои онҳо, бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба корупсия алоқаманд, ҳамкории байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия бахшида шудааст.

Баъдан, аз ҷониби сардори бахши ҳуқуқи ҷамъият Ҳалимов Ҷ.Ш. сухане чанд вобаста ба ин вабои аср илова карда шуда, мавсуф инчунин иброз намуд, ки дар ҷаҳони мутамаддини имрӯза бошад, коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтаст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кушиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд.

Сипас, А. Каримзода дар тақвияти суханони Раҳмонзода Ф. илова намуд, ки аз таҳлилҳо бармеояд, ки солҳои охир аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пурсиши сотсиологӣ, гузаронидани санҷишҳои интихобӣ ва дигар чорабиниҳо  оид ба арзёбии вазъи коррупсия гузаронида шуда, дар натиҷа маълум гардидааст, ки даст задан ба ин кирдор, ин дониши пасти ҳуқуқии шаҳрвандон ва хоҳиши зудтар ҳал намудани мушкилоти худ ҳамчун сабаби содир намудани амалҳои коррупсионӣ арзёбӣ шудааст.

Дар иловаи суханони Ҷ. Каримзода сардори шуъбаи кадрҳо М. Алиев  илова намуд, ки Президенти мамлакат мунтазам таъкид менамоянд, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Чунки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем. Чунки ба андешаи Роҳбари олии мамлакат, яке аз хатарҳои дигаре, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия мебошад.

Инчунин дар рафти ҷаласа Раҳмонзода Фаромарз ба саволҳои иштирокчиён оид ба талаботҳои қонуни мазкур, таъсири он дар фаъолияти хизмати давлатӣ, дар бораи тағйиротҳо ва сабабҳои дар таҳрири нав таҳия гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва дигар масъалаҳое, ки ҳамкории мақомотҳои қудратиро бо ҷомеа барои пешгирӣ намудани хавфҳои коррупсионӣ кӯмак мерасонад, посух дод.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби сардори департаменти молия ва маъмурӣ Каримзода А.Ҷ. барои иштирокаш ба сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентӣ Раҳмонзода Фаромарз изҳори миннатдорӣ баён гардида, қайд карда шуд, ки ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва филиалҳои он пешниҳоди муҳокимашударо сармашқи фаъолияти минбаъдаи худ қарор дода,  иҷрои онро таҳти назорати доимӣ мегирад.

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - 230425_2-1024x683.jpg
Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - 230425_3-1024x683.jpg
Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - 230425_0-1024x683.jpg
Share:

Author: admin_shib