Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба солгарди навбатии Рўзи Парчами давлатӣ

 Санаи 22 ноябри соли 2024 дар толори идора бо иштироки роҳбарият ва кулли кормандони ҶСК “Барқи Тоҷик”, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рўзи Парчами давлатӣ баргузор гардид.

Ҷаласаи тантанавиро муовини Раиси ҶСК «Барқи Тоҷик”                                        А. Қурбонзода кушода эълон намуда, ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, ҳамзамон қайд карданд, ки Парчами давлатӣ, ки баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик ва равшанибахши роҳи он ба сӯи ояндаи дурахшони кишвари азизамон мебошад, маҳз бо саъю талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барафтохта ва партавфишон мебошад, самимона табрик намуда, бароятон хонаи ободу сари баланд ва расидан ба қуллаҳои нави касбиву меҳнатиро таманно менамоям.

Мусаллам аст, ки Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории мо мақоми хосса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи беш аз 4 ҳазорсола дорад. Аҷдодони мо ҳанўз аз замони қадим соҳиби парчами худ буданд ва аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши ковиён» ном дошт.

Парчам ва ойини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дорад ва яке аз ҷанбаъҳои муҳими фарҳанги давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад. 

Ба ҳамагон маълум аст, ки моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ҳалли мушкилоти кишвар, хатми ҷанги дохилӣ, ҳифзи якпорчагиву истиқлолияти давлатӣ баррасӣ мешуд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъӣ ва ҳифзи арзишҳои кишвар, инчунин дар қатори дигар рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон  Парчам низ қабул карда шуд.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009                       24 ноябрро «Рўзи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд.

   Сипас, як қатор кормандону масъулини ширкатҳои болозикр бо суханҳои табрикотӣ баромадҳо намуда, таърих ва аҳамияту муҳимияти ин рамзи давлатиро баён намуданд. Зимни суханрониҳо ҳамчунин иброз гардид, ки аз оғози қабули Парчами давлатӣ миллати созандаи тоҷик таҳти ливои озодиву соҳибихтиёрии худ муттаҳид гардида, барои ободонии Ватани худ ва ба як кишвари пешрафта табдил додани он то имрӯз азму талош дорад.

  Дар ин раванд, соли 2009 ба нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи  нангу номуси ватандорӣ Парчами давлатии Тоҷикистон дар пояи баландтарин афрохта шуд, ки имрӯз мояи ифтихори ҳар яки мо буда, майдони ҷойгиршавии он макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардидааст. 

   Воқеан, Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи истиқлолияту дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад.

Бо ифтихор мебояд зикр намуд, ки ҳоло мардуми шарифи кишвар, сиёсати бунёдкоронаи Роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, дарк намудаанд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ маънои арҷгузориву ифтихор аз гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва ватандорӣ ҳисобида мешавад.

     Дар ҷаҳони муосир давлатро маҳз тавассути парчами он эътироф мекунанд, зеро ин рамзи муқаддас муаррифгари давлати мустақил ва давлатдории он дар арсаи олам маҳсуб меёбад.  

     Имрўз бо шукрона аз давлати соҳибистиқлол ва таҳти сиёсати бунёдкоронаву ҳидоятҳои неки  муҳтарам Ҷаноби Олӣ Парчами Ватани маҳбубамон тавассути амалҳои созандаву ободгаронаи фарзандони ватандўсту бонангаш дар қалби ҳар фарди ҷомеа ба вожаи воқеан ҳам муқаддас табдил ёфтааст, зеро пос доштан ва ҳифз намудани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, ҳифзи падару модар ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст.       Дар ҳошияи ин ҳама суханҳои нек танҳо метавон ҳаминро таманно намуд, ки бигузор Парчами миллии Тоҷикистон – баёнгару раҳнамунсози миллати шарифи тоҷик баҳри ояндаи дурахшону ободу озоди Ватани маҳбубамон ҷовидон бошад. Ва, бигузор Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун ливои бахту озодӣ ва нишонаи соҳибдавлатии тоҷикон дар фазои беѓубори кишварамон то абад барафрўхта ва партавфишон бошад!

 


Share:

Author: admin_shib