
Санаи 23 октябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” вобаста ба омилҳои пешгирии коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тафсири муҳтаво ва зарурати риояи муқаррароти «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум солҳои 2021-2025, бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кулли кормандони ҷамъият, ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи кориро сардори департаменти молия ва маъмурии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» А. Каримзода кушода эълон намуда, қайд карданд, ки дар замони муосир коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлубу зишт ва яке аз ҷиноятҳои хавфнок ба амнияти давлат, суботи ҷомеа ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таҳдид менамояд. То ҳол ба ҳеҷ давлати дунё муяссар нашудааст, ки ин ваборо пурра аз байн бурда бошад.
Мавсуф таъкид ба амал оварданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, инчунин хавфу хатар ва оқибатҳои манфии онҳо изҳори назар намуда, вобаста ба роҳу усулҳои пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб ва аз байн бурдани ин хавфи ҷомеаро масъалагузорӣ менамоянд ва дар паёмҳои Президенти мамлакат мубориза бар зидди коррупсия самти афзалиятноки фаъолияти давлат ҳисобида шудааст.
Сипас, дар идомаи кори ҷаласа аз ҷониби сардори бахши ҳуқуқ Ҳалимов Ҷ.Ш. оид ба усулҳо ва омилҳои пешгирии коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассалан шарҳ дода шуд. Номбурда қайд кард, ки сиёсати зиддикоррупсионӣ таҳия ва мунтазам амалисозии чорабиниҳои давлатӣ оид ба решакан кардани сабабҳо ва шароитҳоест, ки ба паҳншавии коррупсия мусоидат мекунанд, амалӣ шуда истодаанд. Иброз гардид, ки тавре дар ҷаласаҳои қаблӣ таъкид намуда будем, коррупсия решаҳо ва сабабҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ташкилӣ-идоракунӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ дошта, бинобар ин пешгирии самарабахш ва маҳдудсозии масоҳатҳои коррупсия коркарду амалисозии маҷмӯи чорабиниҳои айнан чунин характер доштаро тақозо мекунад.
Ў илова намуд, ки барномабандии умумидавлатӣ имконият медиҳад, ки самтҳои асосии пешгирии коррупсия, мундариҷаи чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ, давраҳои гузаронидани онҳо, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии сафарбаршаванда, манбаъҳои маблағгузорӣ ва механизмҳои назорати амалисозии барнома муайян карда шаванд.
Каримзода А.Ҷ. дар ҳошияи суханрониҳои Ҳалимов Ҷ.Ш. иброз дошт, ки шарти муҳимтарини муваффақият дар таҳияи барномаи давлатӣ ба коркарди он ҷалб намудани намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои соҳибкорон, созмонҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма мебошад.
Ҳалимов Ҷ.Ш. ёдрас намуд, ки дар мулоқотҳои кории қаблӣ бо кормандони Агентии коррпусия ироа шуда буд, ки назорат ба амалисозии барномаи умумидавлатӣ ба зиммаи мақомоти умумидавлатии зиддикоррупсионӣ вогузошта мешавад. Ҳамчунин ҷорӣ намудани амалияи ҳисоботдиҳии мақомоти давлатӣ бо мақсади арзёбии самаранокии фаъолияти зиддикоррупсионии онҳо мувофиқи максад аст.
Тавре мусаллам аст, дар худи қонунҳо ё меъёрҳои алоҳида мавҷуд будани монеаҳои беасос дар роҳи амалисозии ниятҳои фоиданоки ҷамъиятӣ, шаҳрвандон ва ё соҳибкоронро ба харида гирифтани ашхоси мансабдор ё рафтан ба сӯи «иқтисодиёти пасипардагӣ» маҷбур месозанд. Бисёр вақт меъёрҳои ҳуқуқ низ ба ашхоси мансабдор баҳри амал кардан бо салоҳдиди худ имкониягҳои аз ҳад зиёд медиҳанд, ки ин ҳам савдои озодро дар интихоби тарзи ҳалли масъалаҳо осон мегардонад.
Бинобар ин яке аз самтҳои муҳими пешгирии коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи доимию бонизоми қонунгузорӣ ва лоиҳаи қонунҳо бо мақсади дар онҳо бартараф кардани «холигоҳҳо» барои коррупсия мебошад.
Ҳамчунин такмили худи қонунгузории зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади криминаликунонии (эътироф кардан ба сифати ҷазои ҷиноятӣ) ҳамаи шаклҳои имконпазирии зоҳиршавии коррупсия ва фарогирии кирдорҳои коррупсионии ҳамаи категорияҳои ашхоси мансабдор зарур аст. Ташаккули асосҳои одоби, ҳавасмандгардонии росткорию беғаразӣ, таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ шартҳои муҳимтарини пешгирии коррупсия дар хизмати давлатӣ ба шумор мераванд.
Сипас доир ба саволи Ҳалимов Ҷ.Ш. оид ба дорои чӣ гуна сифатҳо будани кормандони ҷамъият, ки бевосита барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб зарур арзёбӣ мегардад, аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷавобҳои мухталиф манзур гардид, ки дар маҷмуъ, ҳамаи онҳоро метавон бо як мазмун ҷамъбаст намуд: муборизаи дастаҷамъона бар зидди коррупсия – ин хавфи ҷомеа ва маҳдудсозандаи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар унвон кард.
Дар ҷамъбасти баррасии рӯзномаи ҷаласа, сардори департаменти молия ва маъмурӣ А. Каримов қайд карданд, ки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди коррупсия мавқеи намоён ва нақши муҳим гузоштанд, зеро дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои садди устувор гузоштан дар роҳи кирдорҳои коррупсионӣ тарзу усулҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб баён шуданд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида, муқовимат ба коррупсияро пурзӯр намуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, мусоидат менамоянд. Ва, мо кулли кормандони ҷамъиятро зарур аст, ки дар тамоми соҳаҳои фаъолияти худ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб, маҳдудкунандаи рушду такомули иқтисоди миллӣ ва хавфи ҷомеаи мутамаддин мубоизаи беамон роҳандозӣ намоем. Бо итминони комил метавон иброз дошт, ки ин кўшишҳои мо натиҷаи самараовару дилхоҳ ба бор хоҳад овард.



