Нақши меҳвариимасъулияти падару модар дар тарбияи кўдак

01.07.24. соати 1600. Имрўз дар толори маҷлисгоҳи ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ҷаласа оид ба тафсири муҳтаво, аҳамият ва зарурати қабули Қонуни    Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак» бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторї ва кулли кормандони ҷамъият баргузор гардид.

          Ҷаласаро Раисикунанда – сардори Департаменти молия ва маъмурї муҳтарам Абдумуъмин Каримзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, сараввал ҳозиринро оид ба муҳтаво ва мазмуни қонуни нави таҳриргардида «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак», шинос намуданд.

Ҳамзамон, таъкид ба амал оварданд, ки масъулият эҳсосе мебошад, ки дар рафтори ҳар як шахси ҷомеаи мутамаддин вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба зиммаи ў гузошта шудааст, ҳатман бояд ҷой дошта бошад. Тақозои замон аст, ки масъулият баҳри беҳбудии ҳаёти фарзанд бояд дар мафкураи худи фарзанд, волидайн, давлат ва қонунгузорӣ бедор карда шавад.

Ва, албатта, кишвари мо имкон пайдо намуд, ки тавассути қонунгузории худ ба ин масъала афзалият гузорад. Тавре дар қисми дуюми моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, “Падару модар барои таълиму тарбияи фарзанд масъул мебошанд”. Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои ношоиста ба шумор меравад.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонону наврасон, ба роҳ мондани таълиму тарбияи дуруст як силсила санадҳои муҳими меъёриву ҳуқуқиро ба тасвиб расонидааст. Аз ҷумла, дар ин радиф тасвиби Қонун “Дар бораи масъулият барои падару модар дар тарбияи кўдак” ба шумор меравад, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, ки нерӯи пурқудрат, боигарї ва созандагони Ватан маҳсуб меёбанд, нақши созандае гузошта, бешубҳа қабули он тақозои замон мебошад. Мақсади асосї ва вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар, ин ба камол расонидани насли солиму соҳибмаълумот, бунёдкор ва миллатдӯсту меҳанпараст мебошад.

Бидуни таълиму тарбия ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат умед баст.

Дар ҷараёни ҷаласа сардори бахши ҳуқуқи ҷамъият Ҳалимов Ҷонибек баромад намуда, оид ба муҳтаво, мундариҷа ва муқаррароти асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои падару модар дар тарбияи кўдак», ҳолатҳои бавуҷудоварандаи муҷозот, риояи ҳатмии талаботи Қонуни мазкур     ибрози назар намуд.

Ў ҳамчунин изҳор дошт, ки падару модар дар ибтидои ташаккули кӯдак нақши меҳварӣ дошта, фарзандон тамоми муносибатҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсиро маҳз бо фаҳмиши онҳо дарк мекунанд ва аз рӯи ҳамин захираҳои зеҳнӣ муносибати худро ба олами атроф муайян мекунанд.

Ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши асосї пайдо намуда, мақоми онҳо дар зиндагии ояндаи наврас як умр боқӣ мемонад. Ҳарчанд ин вазифа асоси биологӣ ва динӣ-ахлоқӣ дошта, тавассути меъёрҳои анъанавии иҷтимоиву ахлоқӣ низ мустаҳкам гардидааст, вале ҳанӯз ҳам аксари волидон нисбат ба  вазифаҳои тарбиявии худ хунукназарӣ зоҳир менамоянд.

Тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои падару модар дар таълиму тарбияи кўдак” ба хотири назорати ҳуқуқии раванди таълиму тарбияи насли наврас ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносии волидон қабул шуда, иҷрои он барои ҳар як падару модар, вобаста ба ояндаи фарзандонашон ва ҳамзамон адои амонати виҷдонию инсониашон дар назди ҷомеа ва Худованд шарт аст.

Сипас масъули татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои падару модар дар тарбияи кўдак» дар ҷамъият                        Саъдуллоев Ҷамшед ба сухан баромада, вобаста ба масъулият ва вазифаҳои базиммадоштаи падару модар, масъул будан дар тарбияи кўдак, фароҳам овардани муҳити солим дар оила барои кўдак ва дигар паҳлуҳои масъулияту масъулиятшиносї дар таълиму тарбияи кўдак изҳори ақида намуд.

Иброз гардид, ки ҳадафи асосӣ ин дар тафаккури насли наврас ҷойгир намудани эҳтиром ба фарҳанги миллӣ, мероси ниёгон, арзишҳои умумиинсонӣ, муқаддасот ва дигар арзишҳои миллӣ буда, бояд мо, волидайн, роҳ надиҳем, ки дар зери таъсири омилҳои бегона тафаккури насли наврас дигаргун гардад.

Таъкид гардид, ки тарбия аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор аст. Аз эҳсоси баланди масъулияти падару модар хулқу атвори ояндаи фарзанд вобастагии калон дорад. Бунёди ҷомеаи солим пеш аз ҳама ба оилаи солим вобаста аст. Маҳз таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат дар оила воситаи рушду нумӯи ҷомеа, устувории қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад.

Дар идомаи ҷаласа як қатор дигар кормандони ҷамъият суханронї намуда, оид ба аҳамияти қонуни мазкур, рўзмарра ва тақозои замон будани тасвиби қонуни мазкур, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии падару модар ва дигар масъалаҳое, ки баъд аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур иҷрои он ҳатмї маҳсуб меёбанд, изҳори ақида намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа, раисикунанда барои иштироки фаъол ва суханронии пурмуҳтаво ба ҳозирин изҳори миннатдорї намуда, ҳамзамон риояи ҳатмї ва қатъии муқаррароти қонуни мазкурро аз ҳозирин талаб намуда, ҳамзамон таъкид ба амал оварданд, ки дар иҷрои талаботи қонуни мазкур, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии волидайн дар таълиму тарбияи кўдак, ба роҳ мондани ҳамкории зич бо муассисаҳои томактабиву мактабҳо ва бароҳандозии дигар амалҳои зарурї, ки барои воқеан ҳам дар амал татбиқ гардидани талаботи қонуни мазкур муфиду зарурї арзёбї мегарданд, саҳлангорї нанамоянд.

Share:

Author: admin_shib