ВАРЗИШ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ !

Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи ҷисмонӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солимро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Бо такя ба сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат ва ба хотири таъмини идеяи миллати солим ва ҷалби ҳарчӣ бештари ҷомеа ба варзиш Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳила ба таҳкими санадҳои меъёриву ҳуқуқии вобаста ба соҳа шурӯъ кард. Ҳамзамон ба хотири оммавияти варзиш имконият фароҳам оварда шуд, ки рушди намудҳои гуногуни варзиш таъмин гардад. Ҳамин буд, ки ба хотири ҳамдилии миллати тоҷик дар соли 1993 аз тарафи ҳаракати олимпӣ Дави олимпӣ баргузор шуд ва он давоми солҳои дигар идома ёфт.

Давиданро шоҳи варзш меноманд. Аз ҷиҳати тиббӣ ин намуди варзиш барои саломатӣ ва дуруст инкишоф ёфтани инсон нақши бузург дорад. Шахсоне, ки мунтазам ба ин намуди варзиш машғуланд, чусту чолок, ҷасуру моҳир мегарданд.

Ҳамасола ҳафтаи сеюми якшанбеи моҳи май дар саросари кишварамон Рӯзи дави миллӣ таҷлил карда мешавад. Бо мақсади иљрои Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 28 марти соли 2007, №225 рўзи 19 майи соли 2024 кормандони љамъияти сањомии кушодаи «Шабакањои интиқоли барқ» дастаљамъона дар Дави миллї иштирок варзиданд.

Share:

Author: admin_shib