Ахбороти ҷамъият

МАЪЛУМОТНОМАИ ИТТИЛООТӢ БАРОИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ

МАЪЛУМОТ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА МОЛИЯВИИ ҶСК “ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ” ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2023

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо дастгирӣ ва кӯмаки бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, Вазорати энергетика ва захираҳои об, фаъолияти худро дар соли ҷорӣ ҷиҳати иҷро намудани қарорҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №330 “Дар бораи масъалаҳои ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ»” ва аз 28-уми марти соли 2023, №125 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024”, инчунин, амалӣ намудани талаботҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” самти асосии фаъолияти худро вобаста ба сарфакорона истифода намудани неруи барқ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизоти шабакаҳои интиқоли барқ ва беҳтар намудани сифати интиқоли неруи барқ равона намудааст.

Вобаста ба ин, тибқи маълумотҳои фаврӣ нишондиҳандаҳои асосии истеҳсолию молиявии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар нимсолаи якуми соли 2023 чунин ҷамъбаст гардиданд.

Аз рӯи ҳисоботҳои фаврӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 аз тарафи ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” аз ҶСК “Барқи Тоҷик” ва неругоҳҳои барқии обии Сангтуда-1, Сангтуда-2, Роғун, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар маҷмуъ 10 850 424 894 кВт.соат энергияи барқ қабул гардида, ба миқдори 10 468 155 078 кВт.соат энергияи барқ ба ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», НБО-и “Марказӣ” ва марказҳои барқу гармидиҳии шаҳрҳои Душанбе ва Ёвон, Ҷумҳурии Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқол карда шуд.

Дар маҷмуъ дар нимсолаи якуми соли 2023 талафоти энергияи барқ дар инфрасохторҳои барқии шиддати баланд (дар зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ) 376 450 398 кВт.соат ва ё 3,47%-ро ташкил дод. Бояд тазаккур кард, ки дар маҷмуъ қабули неруи барқ дар нимсолаи якуми соли 2023 аз тарафи ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 ба миқдори 399 935 712 кВт.соат ва дар муқоиса бо нимсолаи якуми соли 2021 ба миқдори 705 002 289 кВт.соат зиёд мебошад.

Дар ин раванд, бо мақсади муайян ва кам намудани талафоти технологӣ дар доираи лоти 1-и лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ то ба имрӯз аз оғози корҳо 1736 адад ҳисобгиракҳои ҳозиразамони электронӣ ба барномаи АСКУЭ пайваст карда шуданд. Корҳо дар доираи ин лоиҳа идома доранд.

Дар ин ҷода, дар соли 2023, ҳамчун яке аз вазифаҳои афзалиятнокии ҷамъият, масъалаи кам намудани талафоти энергияи барқ қабул гардида, бо ин мақсад қаблан 19 январи соли 2023 дар ҷамъият нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, дар асоси он аз ҷониби зерсохторҳо то ба ҳолати 30-юми июни соли 2023 корҳои зерин амалӣ карда шуда, дар маҷмуъ 5 060 843 кВт.с энергияи барқ сарфа карда шудааст, аз ҷумла бо ин мақсад:

– дар 12 адад хатҳои интиқоли барқи 110-220 кВ корҳо ҷиҳати мусоидгардонии (оптимизатсия) ҷойҳои ҷудокунии хатҳои барқӣ гузаронида шуданд;

– 38 адад трансформаторҳои қудратии шиддати аввалиашон 110 ва 220 кВ, ки дар вақтҳои дар реҷаи камборӣ фаъолият мекарданд, хомӯш карда шуда буданд;

– баҳри сари вақт ошкор намудани нуқсонҳо дар системаи баҳисобгирии энергияи барқ ва бартараф намудани онҳо, ҳар моҳ нишондодҳои ҳисобгиракҳои барқии зеристгоҳҳои барқии110-220-500 кВ дар як вақти муайяншуда гирифта шуда, тавозуни зеристгоҳҳои барқии баландшиддат тартиб дода шуда истодаанд.

Аз тарафи ҷамъият ба корҳо дар ин самт, тибқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар нимсолаи дуюми соли 2023 тақвият дода мешавад.

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати кам намудани талафоти технологии неруи барқ, дар натиҷаи дидани чорабиниҳо дар ин самт, алалхусус фавран бартараф намудани камбудиҳо дар системаи баҳисобгирии неруи барқ ва таҳти назорат қарор додани нуқтаҳои сарҳисобии неруи барқ, талафоти неруи барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ коҳиш ёфта истодааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2023 бо мақсади гузаронидани таъмирҳои нақшавӣ ва берун аз нақшавӣ, инчунин баҳри боэътимод фаъолият намудани зерсохторҳои ҷамъият дар фасли зимистон ва дидани тайёрии онҳо ба мавсими селу боришот ва раъду барқ, аз ҷониби ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” бо тартиби муқарраргардида аз ҶСК “Барқи Тоҷик” ва молтаъминкунандагон дар маҷмуъ ба маблағи 12,5 млн. сомонӣ таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва маводҳо харидорӣ ва ба зерсохторҳои ҷамъият дастрас карда шуд.

Дар ин давра дар шабакаҳои интиқоли барқ таъмири асосии 121,4 км хатҳои ҳавоии барқии 110-220 кВ, 10 адад трансформаторҳои қудратии 110 – 220 кВ,  45 маҷмуъ    васлакҳои 10-35-110 кВ, 4 маҷмуъ ҷудокунакҳои 110–220 кВ гузаронида шудаанд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ дар шабакаҳои интиқоли барқ таъмири ҷории 384,3 км хатҳои ҳавоии барқии 110-500 кВ, 184 адад трансформаторҳои қудратии 110-220-500 кВ, 176 маҷмуъ васлакҳои 110-220-500 кВ, 274 маҷмуъ ҷудокунакҳои 110-220-500 кВ, 28 маҷмуъ алоҳидакунак ва кӯтоҳваслакҳои 110 кВ, 30 маҷмуъ трансформаторҳои шиддати 110-220-500 кВ ва 57маҷмуъ трансформаторҳои ҷараёни 110-220-500 кВ гузаронида шуданд.

Дар ин раванд баҳри боэътимод фаъолият намудани системаи энергетикӣ ва коҳиш додани талафоти неруи барқ, илова ба нақшаҳои қабулгардида, корҳои зерин иҷро карда шудаанд:

Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Душанбе:

– баҳри боэътимод фаъолият намудани (авто)трансформаторҳои қудратии солҳои тулонӣ дар истифодабарӣ қарордошта, 3 адад воридаҳои 220 кВ-и фарсудагардидаи АТ-2-и зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и “Равшан” ва 3 адад воридаҳои 220 кВ-и трансформатори қудратии Т-2-и зеристгоҳи барқии 220/35/10/6 кВ-и “Ёвон” ба воридаҳои нав, инчунин воридаҳои 110 кВ-и фарсудагардида ба воридаҳои нав дар автотрансформатори АТ-1-и зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и “Роғун” ба миқдори 3 адад, дар трансформатори Т-1-и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ “Оби Гарм” ба миқдори 3 адад, дар трансформатори Т-2-и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и “Сироҷ Баҳром” ба миқдори 3 адад ва дар трансформатори Т-2-и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и “Ҳисор” ба миқдори 3 адад иваз карда шуданд;

– воридаҳои фарсудагардидаи 110 кВ дар фазаҳои трансформаторҳои қудратии Т-1-и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Дарёобод» – 1 адад (фазаи «А»), дар Т-1-и зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Симиганҷ»- 1адад (фазаи «А») ва дар Т-2-и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Дурбат» – 1 адад (фазаи «В») аз ҳисоби воридаҳои озодгардида аз трансформатори қудратии Т-2-и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Сироҷ-Баҳром» иваз карда шуданд;

– дар пайвастагии хати интиқоли барқи Л-8-10 (НБО-и “Бойғозӣ- МБГ-и “Ёвон”) зеристгоҳи барқии 220/35/10/6 кВ-и «Ёвон» васлаки равғании 220 кВ ба васлаки элегазӣ иваз карда шуд;

– васлакҳои равғании 110 кВ дар пайвастагии трансформатори қудратии Т-1-и зеристгоҳҳои барқии 110/35/10 кВ-и «Пугус» ва дар пайвастагии Т-2-и зеристгоҳи барқии 110/6 кВ-и “Даштибед” ба васлакҳои элегазии 110 кВ иваз карда шуданд;

– дар пайвастагии хати барқии Л-ГШ (Ҳисор – Шаҳринав) зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Ҳисор» васлаки равғани 35 кВ ба васлаки элегазӣ иваз карда шуд;

– баҳри сазовор истиқбол намудани маъракаҳои сиёсӣ, дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Ҳисор» трансформаторҳои қудратӣ, таҷҳизотҳои барқии 110, 35, 10 кВ, пояҳои бетонӣ ва равоқпояҳои (порталҳо)-и зеристгоҳ пурра рангубор карда шуданд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Ҳисор» алоҳидакунак – кӯтоҳваслакҳои 110 кВ-и (ОД-КЗ-110 кВ) пайвастагии трансформаторҳои Т-1, Т-2 ва Т-3 ба васлакҳои элегазӣ иваз карда шудаанд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/6 кВ-и «Сул­тонобод» алоҳидакунак – кӯтоҳваслаки 110 кВ (ОД-КЗ-110 кВ)-и пайвастагии трансформатори Т-1 ба васлаки элегазӣ иваз карда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии «Регар-500» бо сабаби зиёд гардидани консентратсияи газҳо дар воридаи 220 кВ-и автотрансформатори АТ-3 фазаи «В», воридаи мазкур иваз карда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Равшан» равғани зарфи асосии автотрансфор­матори АТ-2 (125 МВА) дегазатсия ва хушконида шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Тоҷик­обод» алоҳидакунак – кӯтоҳваслакҳои 110 кВ-и пайвастагии трансформатори Т-2 ба васлаки элегазӣ иваз карда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Чоряккорон» алоҳидакунак – кӯтоҳваслакҳои 110 кВ-и пайвастагиҳои трансформаторҳои Т-1 ва Т-2 ба васлакҳои элегазӣ иваз карда шуданд.

Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Бохтар:

– дар зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и «Камолот» дар пайвастагии хати интиқоли барқи Л-КГР “Камолот – Геран” васлаки равғани 220 кВ ба васлаки элегазӣ иваз карда шуд;

– васлаки равғании 110 кВ-и пайвастагии АТ-2 дар зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и «Румӣ», васлаки равғании 110 кВ-и пайвастагии ОВ-110 кВ дар зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и «Камолот» ва алоҳидакунак – кӯтоҳваслаки 110 кВ-и пайвастагии трансформатори қудратии Т-2-и зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Амон» ба васлакҳои элегазии 110 кВ иваз карда шуданд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Қубодиён-6» васлаки байнибахшии равғани 35 кВ, васлаки равғании 35 кВ дар пайвастагии Т-1-и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Панҷруд» ва васлаки равғании 35 кВ дар чашмаки хати интиқоли барқи Л-ШТД-и зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Шугнов» ба васлакҳои элегазии 35 кВ иваз карда шуданд;

– аз зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Амон» трансформатори қудратии аз истифодабарӣ озодгардидаи 10 МВА, 110/35/10 кВ барои сохтмони навбати дуюм дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Чашма» оварда шуда, бо таҷҳизотҳои қисмати 110, 35 кВ-и он насб карда шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуд;

– бо мақсади кам намудани талафоти энергияи барқ, трансформатори қурдратии 16 МВА – ки дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Восеъ» аз истифодабарӣ озод гардид, ба зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Тоҷқалъа» оварда шуда, бар ивази трансформатори корношоями Т-2 насб карда шуд. Дар баробари ин дар пайвастагии трансфор­матори Т-2–и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Тоҷқалъа» васлаки навъи ММО-110 кВ ба васлаки ВМТ-110 кВ иваз карда шуд. Инчунин, маҳдудсозҳои фузун­шиддатии 110, 35, 10 кВ-и пайвастагии транс­форматори Т-2 иваз карда шуданд. Таҷҳизотҳои барқӣ ва металло­конструксияи зеристгоҳи мазкур пурра рангубор карда шуданд;

– бо мақсади аз серборӣ озод намудани трансформатори қудратии Т-1 (10 МВА)-и зер­истгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и “20 солагии истиқ­лолияти ҶТ”, бар ивази трансформатори он трансформатори қурдратии 16 МВА, 110/35/10 кВ, ки дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Восеъ» аз истифодабарӣ озод гардид, насб карда шуд.

Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Гулистон:

– баҳри боэътимод фаъолият намудани (авто) трансформаторҳои қудратии солҳои тулонӣ дар истифодабарӣ қарордошта, дар маҷмуъ 6 адад воридаҳои 220 кВ-и фарсудагардидаи АТ-1 ва АТ-2-и зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и “Ашт” ба воридаҳои нав, инчунин 6 адад воридаҳои 110 кВ-и фарсудагардидаи онҳо ба воридаҳои нав иваз карда шуданд;

васлаки равғании 220 кВ дар пайвастагии 4В-и зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и «Конибодом» ба васлаки элегазӣ иваз карда шуд;

– дар пайвастагиҳои трансформатори қудратии Т-2-и зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Ҷомӣ» ва дар пайвастагиҳои трансформатори қудратии Т-1-и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Чорбоғ» алоҳидакунак ва кӯтоҳваслакҳои 110 кВ, инчунин васлаки равғании 110 кВ дар пайвастагии хати интиқоли барқи Л-КБ-Ш (Конибодом – Шуроб) зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и «Конибодом» ба васлакҳои элегазии 110 кВ иваз карда шуданд;

– дар пайвастагии трансформатори қудратии
Т-4-и зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Кони­бодом», дар пайвастагиҳои трансформаторҳои қудратии Т-1 ва Т-2 ва дар пайвастагии байнибахшии (ВС-35 кВ) зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Чорбоғ», дар пайвастагии трансформатори қудратии Т-1-и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Зафаробод», инчунин дар пайвастагии хати интиқоли барқи Л-Ур (Ленинобод – Урунхуҷаев)-и зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Ленинобод» васлакҳои равғании 35 кВ ба васлакҳои элегазӣ иваз карда шуданд;

– дар рафти омодагиҳо ба таҷлили иди “Наврӯз” дар вилояти Суғд бо иштироки меҳмонони олиқадр, тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшудаи ҷамъият дар зеристгоҳҳои барқии 220/110/10 кВ-и “Устувор”, 220/10 кВ-и “Кишоварз-1” металлоконструксияҳо, таҷҳизотҳо ва биноҳои пулти идораи фаврӣ рангубор карда шуданд. Инчунин, бо ин мақсад зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и “Қолинбоф” пурра таъмир ва рангубор карда шуд;

– вобаста ба омода намудани шабакаҳои барқӣ ба мавсими обёрӣ зеристгоҳи барқии «Ёрӣ»-110/6 кВ пурра аз таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, металоконструксияҳои зеристгоҳ пурра рангубор карда шудаанд;

– бо мақсади кам намудани сербории зеристгоҳҳои барқии 110 кВ-и минтақаи Иста­равшан, дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Сабристон» автотрансформатори навъи АТДЦТН-63000/220/110/10 бо таҷҳизотҳои пайвастагиҳояш муваққатан насб карда шуд;

– бо мақсади кам намудани сербории зеристгоҳҳои барқии 110 кВ-и минтақаи Истаравшан, дар навбати сеюми зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ–и «Чорбоғ» трансформатори қудратии 16 МВА, ки аз зеристгоҳи барқии «Сабристон» таҷзия шуда буд, муваққатан насб карда шуд;

– бо мақсади кам намудани сербории зеристгоҳҳои барқии 110 кВ-и минтақаи Истаравшан, дар навбати сеюми зеристгоҳи барқии 110/10-6 кВ-и «Ғулакандоз» трансформатори қудратии 6 МВА насб карда шуд.

Натиҷаи фаъолияти истеҳсолию молиявии нимсолаи якуми соли 2023-и ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”-ро ҷамъбаст намуда, роҳбарияти ҷамъият тасмим гирифтааст, ки дар нимсолаи дуюми соли 2023 корҳоро дар самти амалисозии чорабиниҳои зерин пурзур намояд:

– васеъ ҷорӣ намудани роҳҳои истифодаи самараноку сарфакоронаи неруи барқ ва анде­шидани тадбирҳо оид ба кам намудани талафоти технологии неруи барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ;

– андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо пуррагӣ иҷро гардидани нақшаҳои дар соли 2023 қабулгардида;

– дар ҳамкорӣ бо ҶСК “Барқи Тоҷик” андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати боэътимод ва босифат интиқол намудани неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024”;

– тақвият додан ба корҳо дар ҳама самтҳо дар доираи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №330, «Дар бораи масъалаҳои ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ»;

– дар ҳамкорӣ бо МД Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электро­энергетика” андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати бо сифати баланд ва сари вақт амалисозии лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар шабакаҳои интиқоли барқ.