Ҷашни   33 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ»  дар робита ба иҷрои барқияи ҳукуматӣ аз 3 сентябри соли 2024, №24/10-74, бобати то 5-уми сентябри соли 2024 сазовор истиқбол намудани 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилоъ мерасонад, ки  дар ҷамъият бо мақсади дар сатҳи зарурӣ  истиқбол намудани  ҷашни   33 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар гирду атрофи замини бинои ҷамъият ҳашарҳои умумӣ ташкил карда шуда, гулҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои сояафкан шинонида шуданд, кўчаву хиёбонҳо тозаю  озода карда шуда, дар атрофи бинои ҷамъият шиору овезаҳо бо иқтибосҳо аз паёмҳо, суханрониҳо, китобҳо ва таълифоти дигари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насб карда шуданд.

Ҳамзамон, ба муносибати ин ҷашни умумимиллӣ дар толори идора бо иштироки роҳбарият ва кулли кормандони дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои ҷамъият маҷлиси тантанавӣ ва чорабиниҳои варзишӣ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуда, дар он фаъолону ѓолибони ин чорабиниҳо бо мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар ҷараёни маҷлиси тантанавӣ роҳбарият ва як қатор кормандони ҷамъият бо маърўзаҳо баромад намуда, ҳамзамон иброз доштанд, ки ҳамаи мо, сокинони ин сарзамини куҳанбунёд бо шукргузорӣ аз ободиву осудагӣ, сулҳу субот ва бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ҷашни  муқаддаси Истиқлоли давлатиро, ки кафолати рушди кишвар ва муҳимтарин омили пешравии ҷомеа буда, маҳз бо шарофати сиёсати сулҳпарваронаву дурандешона ва кўшишу талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, ба даст омадааст, ҳамчун неъмати нодиру бебаҳо қадр намуда, барои устувор гардонидани дўстиву якдилии миллӣ, ноил гардидан ба дастовардҳои боз ҳам беҳтар дар ҳамаи соҳаҳо ва табдил додани Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафта минбаъд низ кўшиш ба харҷ хоҳем дод.

Маврид ба қайд аст, ки чорабинии мазкур тавассути шабакаҳои телевизионӣ инъикос гардида, дар он моҳияти Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ, таблиѓу ташвиқ гардид.


Share:

Author: admin_shib