Баргузории ҷаласаи корӣ оид ба тафсири муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ»

Санаи 29 августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кулли кормандони ҷамъият ҷаласаи корӣ оид ба тафсири муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Ҷаласаро Раисикунанда – сардори Департаменти молия ва маъмурӣ Абдумуъмин Каримзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, сараввал ҳозиринро оид ба муҳтаво ва мундариҷаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», истифодаи он дар фаъолияти корӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба забони давлатӣ шинос намуданд.

Ҳамзамон, таъкид ба амал оварда шуд, ки забони давлатӣ, ин забони нобу пурғановати тоҷикӣ – нишонаи ҳастии миллати соҳибистиқлоламон, рукни асосии мавҷудияти Давлату Миллат ва мероси гаронбаҳои ниёгонамон ба шумор рафта, маҳз бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид ва ҳамчун ҷашни умумимиллӣ таҷлил карда мешавад.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки инсон танҳо тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ оинаи таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Забони модарии мо – забони ширину шевои тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастии миллати мо ба ҳисоб меравад. Миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Забони тоҷикӣ – забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарӣ буда, аҷдодони мо онро маҳз барои ҳамин сифатҳои олиаш мадҳу ситоиш намудаанд.

Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо вазифадорем, ки барои устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намоем, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш кунем, мақому мартабаи забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем.

Дар ҷараёни ҷаласаи мазкур, сардори бахши ҳуқуқи ҷамъият Ҷонибек Ҳалимов баромад намуда, оид ба муҳтаво, мундариҷа ва муқаррароти асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тартибу меъёрҳои ҳатмии риояи талаботи Қонуни мазкур ибрози назар намуд.

Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки тибқи талаботи Қонуни мазкур дар кишвари мо забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар фаъолияти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ мақому мартабаи олӣ дорад. Ҳамчунин, забони давлатӣ омили муҳими иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Эҳтиром ба забони модарии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш – ин эҳтиром ба Ватан, ба Модар ва дигар арзишҳои умумимиллӣ ба шумор меравад, зеро пос доштан ва ҳифз намудани Забони давлатӣ бо ҳифзи Ватан, ҳифзи падару модар ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст.

Зеро, ҳастии ҳар як халқу миллат ба гиромидошти забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон  низ вазифадор аст, ки забони модарии худро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри омӯзишу гиромидошти он талқин намояд. Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобастагӣ  дошта, нисбат ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” набояд хунукназарӣ зоҳир кард.  

Сипас масъули татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷамъият Ҷамшед Саъдуллоев ба сухан баромада, вобаста ба таърихи забони тоҷикӣ, гиромидошти ин сарвати бебаҳои миллат, истифодаи дурусти он дар коргузорӣ ва дигар фаъолияти корӣ изҳори ақида намуд.

Иброз гардид, ки забони ноби модарии мо рисолати таърихӣ ва нақши тақдирсози худро дар замони соҳибистиқлолӣ низ иҷро карда истодааст. Дар шароити пуртазоду печидаи ҷаҳони имрӯза офтоби бахти миллате тобон аст, ки истиқлоли комил дорад, сарнавишти давлат ва тақдири худро бо дасти худ менависаду месозад.

Мо соҳибзабонон дар назди наслҳои фардо барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он масъулият дорем ва онро бояд ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ кунем ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода барем.

Қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем.

Дар идомаи ҷаласа як қатор дигар кормандони ҷамъият суханронӣ намуда, оид ба аҳамияти қонуни мазкур, рӯзмарра ва тақозои замон будани тасвиби қонуни мазкур, ба роҳ мондани омӯзиши сарфу наҳви забони давлатӣ, боз ҳам бойтар гардонидани фонди луғавии ҳар як корманд ва дигар масъалаҳое, ки баъд аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур иҷрои он ҳатмӣ маҳсуб меёбанд, изҳори ақида намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа, раисикунанда барои иштироки фаъол ва суханронии пурмуҳтаво ба ҳозирин изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамзамон риояи ҳатмӣ ва қатъии муқаррароти қонуни мазкурро аз ҳозирин талаб намуда, инчунин таъкид ба амал оварданд, ки дар иҷрои талаботи қонуни мазкур, боз ҳам баланд сатҳи донистани забони давлатӣ, бардоштани ҳисси масъулиятшиносии ҳар як корманд вобаста ба омӯзиши бечунучарои забони давлатӣ, ба роҳ мондани ҳамкории зич бо муассисаҳои илмиву тадқиқотии забон ва фарҳанг ва бароҳандозии дигар амалҳои зарурӣ, ки барои воқеан ҳам дар амал татбиқ гардидани талаботи қонуни мазкур муфиду зарурӣ арзёбӣ мегарданд, ҷиддӣ муносибат намоянд.

Котиби ҷаласа Ҷ. Саъдуллоев вазифадор гардид, ки татбиқи воқеии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи ҳатмии он аз ҷониби кормандонро таҳти назорат қарор диҳад. 



Share:

Author: admin_shib