Танзими ҷашну маросим гарави осудагӣ ва некуаҳволии оила

01.07.24. соати 1630. Дар толори маҷлисгоҳи ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ҷаласа оид ба тафсири мазмуну мундариҷа, аҳамият, зарурат ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кулли кормандони ҷамъият баргузор гардид.

       Ҷаласаро Раисикунанда – сардори Департаменти молия ва маъмурӣ муҳтарам Абдумуъмин Каримзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, сараввал ба ҳозирин зарурату аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муаррифӣ намуданд.

Мавсуф таъкид ба амал оварданд, ки анъана ва ҷашну маросим ҳамеша муносибатҳои иҷтимоиро танзим намуда, тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамоянд ва ҳаёти иҷтимоии одамонро рангин мегардонанд. Анъана ва ҷашну маросим дар ҳамфикрӣ, худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мероси фарҳангии миллат аҳамияти фавқуллода муҳим доранд.

Ҳамзамон, ёддовар шуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 24-уми майи соли 2007 зимни мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат оид ба “Танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои миллӣ” таъкид бар он дошта буданд, ки то расму оин ва маросимҳои милливу диннии худро ба як низоми муайян надарорем, хароҷоти беҳудаи мардумро аз байн набарем ва ба зоҳирпарастии беасос хотима нагузорем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблаѓҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем.

 Аз ҳама муҳим, сол аз сол сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон поён рафта, вазъи зиндагонии иҷтимоии аҳолӣ беҳтар мегардад. Ҳоло ҳар як нафаре, ки барои гузаронидани анъана ва ҷашну маросим имконияти молиявӣ ва моддӣ надорад, бе хиҷолатмандӣ ба талаботи ин қонун такя ва ишора карда метавонад. Имрӯз аксарияти кулли шаҳрвандон аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” истиқбол менамоянд ва ботадриҷ зиёдаравию исрофкориҳо дар баргузории анъана ва ҷашну маросим аз байн меравад.

Дар баромади худ, сардори бахши ҳуқуқи ҷамъият Ҳалимов Ҷонибек оид ба муҳтаво, мундариҷа ва муқаррароти асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳолатҳои бавуҷудоварандаи муҷозот, ҳаҷму андозаи ҷаримаҳо, оқибатҳои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур ибрози назар намуд.

Ў ҳамчунин изҳор дошт, ки бо назардошти афзудани хароҷоти баргузорнамоии анъана ва ҷашну маросимҳо, паёмадҳои номатлуби хароҷоту исрофкориҳо ба табақаҳои камбизоату эҳтиёҷманди ҷомеа ва дар асри навин гум гардидани моҳияти иҷтимоии баъзе аз меъёрҳои иҷтимоӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамраъйии мардуми шарифи Тоҷикистон бори аввал 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид. Соли 2017 ба қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Сипас, 20 июни соли 2024 Қонуни мазкур пурра дар таҳрири нав ба тасвиб расид.

Мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ин ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ ҳангоми баргузор намудани анъана ва ҷашну маросим, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, пешгирии воридшавии унсурҳои бегона ва ғайримиллӣ ба анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон, аз байн бурдани хурофот ва амсоли инҳо ба ҳисоб меравад. Пас аз таҳлили ҳисоботи расмӣ, маводи илмӣ-таҳқиқотии дастрас ва мушоҳидаҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки қабули ин санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ натиҷаҳои мусбат додааст. Тадриҷан расму оинҳои нолозиму хурофотпарастонаи зараровар аз байн мераванд, маблағҳои зиёд ба манфиати мардум сарфа мегарданд, харҷи мардум барои баргузор намудани анъана ва ҷашну маросим то дараҷае коҳиш меёбад.

Дар идомаи ҷаласа як қатор дигар кормандони ҷамъият суханронӣ намуда, оид ба аҳамияти қонуни мазкур, рўзмарра ва тақозои замон будани тасвиби қонуни мазкур, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон барои риояи талаботи Қонуни мазкур ва дигар масъалаҳое, ки баъд аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур иҷрои он ҳатмӣ маҳсуб ёфтаанд, изҳори ақида намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа, раисикунанда барои иштироки фаъол ва суханронии пурмуҳтаво ба ҳозирин изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамзамон риояи ҳатмӣ ва қатъии муқаррароти қонуни мазкурро аз ҳозирин талаб намуда, ҳамзамон таъкид ба амал оварданд, ки дар иҷрои талаботи қонуни мазкур, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо саҳлангорӣ нанамоянд. Таъкид гардид, ки маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, бояд мусоидат намоем, ки расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ дар таҳкиму ваҳдату худшиносии миллӣ, дӯстиву рафоқату ҳамдигарфаҳмӣ, меҳнатдўстӣ, ғамхорӣ ва раҳму шавқат ба ҳамдигар доир шуда, аҳамияти маънавию тарбиявӣ дар он таҷассум гардад.

Share:

Author: admin_shib