Истиқболи сазовор  пешвоз гирифтани  ҷашни Рўзи байналмилалии Наврўз (20.03.2024)

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ»  вобаста ба иҷрои барқияи ҳукуматӣ аз 14 марти  соли 2024, №24/10-21,  бо мақсади истиқболи сазовор  пешвоз гирифтани  ҷашни Рўзи байналмилалии Наврўз, то 21-уми марти соли 2024  дар гирду атрофи замини бинои ҷамъият ҳашарҳои умумӣ ташкил карда,  гулҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои сояафкан шинонида, тозаю  озода намуда, дар  атрофи бинои ҷамъият шиору овезаҳо аз паёмҳо, суханрониҳо, китобҳо ва таълифоти дигари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, овезон карда шуданд.

            Ба муносибати ҷашни Рўзи байналмилалии Наврўз дар толори идора маҷлиси тантанави ва чорабиниҳои фарҳанги бо иштироки кормандон дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуда тавассути шабакаҳои телевизиони моҳияти «Рўзи ҷаҳонии Наврўз» ба таври васеъ таблиѓу ташвиқ гардид.

                Бо мақсади таъмин намудани амният, тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарӣ аз сўхтор дар дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои тобеи ҷамъият аз 21-ум то 26-уми марти соли 2024 навбатдории шабонарўзӣ ташкил карда шуд.

Share:

Author: admin_shib