Эълонҳо


ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА МОЛИЯВИИ ҶСК “ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ
БАРҚ” ДАР СОЛИ 2024

ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар давраи ҳисоботӣ самти асосии фаъолияти худро вобаста ба сарфакорона истифода намудани неруи барқ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизоти шабакаҳои интиқоли барқ ва беҳтар намудани сифати интиқоли неруи барқ равона намуд.

Дар соли 2024 аз тарафи ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар маҷмуъ 23 351 470 350 кВт.соат энергияи барқ қабул гардида, ба муштариён интиқол дода шудааст.

Дар маҷмуъ дар соли 2024 талафоти техникии энергияи барқ дар инфрасохторҳои барқии шиддати баланд (дар зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ) 772 602 699 кВт.соат ва ё 3,309 %-ро ташкил дод, ки он дар муқоиса бо соли 2023-ум 0,13 % кам мебошад.

Бояд тазаккур кард, ки дар маҷмуъ қабули неруи барқ дар соли 2024 аз тарафи ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар муқоиса бо cоли 2023 ба миқдори 1 186 380 671 кВт.соат зиёд мебошад.

Таҳлили муқоисавии қабул ва талафоти неруи барқ дар соли 2024 нисбат ба соли 2023

Дар ин раванд, бо мақсади муайян ва кам намудани талафоти технологи дар доираи лоти 1 -и лоиҳаи “Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ” то ба имрўз аз оғози корҳо 1736 адад ҳисобгиракҳои

ҳозиразамони электронӣ дар неругоҳҳои барқӣ ва зеристгоҳҳои барқии 110-220-500 кВ насбу васл карда шуда, ба барномаи “АСКУЭ” пайваст карда шуданд.

Инчунин бо ин мақсад, дар доираи бастаи 4-и лоиҳаи мазкур то ба имрўз иловатан 1586 адад ҳисобгиракҳои ҳозиразамони электронӣ дар чашмакҳои содиротии 6-10-35-110 кВ-и зеристгоҳҳои барқии 110-220-500 кВ насбу васл карда шудаанд.

Дар соли 2024, масъалаи кам намудани талафоти энергияи барқ чун яке аз вазифаҳои афзалиятнокии ҷамъият,қабул гардида, бо ин мақсад 22 январи соли 2024 дар ҷамъият, бо фармони №1 нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, дар асоси он аз ҷониби зерсохторҳо дар давраи ҳисоботӣ корҳои зерин амалӣ карда шудаанд:

– дар 22 адад хатҳои интиқоли барқи 110-220 кВ корҳо ҷиҳати мусоидгардонии (оптимизатсия) ҷойҳои ҷудокунии хатҳои барқӣ гузаронида шуданд;

– 47 адад трансформаторҳои қудратии шиддати аввалиашон 110 ва 220 кВ, ки дар вақтҳои дар реҷаи камборӣ фаъолият мекарданд, хомўш карда шуда буданд;

– 10 км ноқилҳои сербор дар хатҳои интиқоли барқи 110-220 кВ ба ноқилҳои буриши кундалангиашон калонтар иваз карда шуданд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и “Саройкамар” навбати дуюми он, бо насбу васл намудани трансформатори 6300 кВА ва дигар таҷҳизот дар ин навбат, ба кор дароварда шуд;

– сохтмони хати интиқоли барқи 110 кВ-и Л-У-З-2 “Устувор – Зафаробод -2” бо дарозии 0,6 км иҷро карда шуд;

– дар зеристгоҳҳои барқӣ муоинаи техникии 121 нуқтаҳои баҳисобгирии энергияи барқ гузаронида шуданд;

– баҳри сари вақт ошкор намудани нуқсонҳо дар системаи баҳисобгирии энергияи барқ ва бартараф намудани онҳо, ҳар моҳ нишондодҳои ҳисобгиракҳои барқии зеристгоҳҳои барқии 110-220-500 кВ дар як вақти муайяншуда гирифта шуда, тавозуни зеристгоҳҳои барқии баландшиддат тартиб дода шуданд.

Баҳри дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани таҷҳизоти мавҷудаи шабакаҳои интиқоли барқи системаи энергетикии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сифати неруи барқ, дар корхонаҳои зертобеи ҷамъият корҳои таъмирию барқарорсозӣ, аз ҷумла таъмирҳои асосӣ ва ҷории таҷҳизот ба роҳ монда шудаанд.

Аз ҷумла, дар соли 2024 дар шабакаҳои интиқоли барқ таъмири асосии 123,5 км хатҳои ҳавоии барқии 110-220-500 кВ, 12 адад трансформаторҳои қудратии 110-220 кВ, 40 маҷмуъ васлакҳои 35-110 кВ ва 6 маҷмуъ ҷудокунакҳои 110 кВ ва 1 маҷмуъ алоҳидакунак – кўтоҳваслаки 110 кВ гузаронида шудаанд.

Инчунин, дар cоли 2024 дар шабакаҳои интиқоли барқ таъмири ҷории 620,09 км хатҳои ҳавоии барқии 110-220-500 кВ, 337 адад трансформаторҳои қудратии 110-220-500 кВ, 265 маҷмуъ васлакҳои 110-220-500 кВ, 541 маҷмуъ ҷудокунакҳои 110-220-500 кВ, 37 маҷмуъ алоҳидакунак ва кўтоҳваслакҳои 110 кВ, 56 маҷмуъ

трансформаторҳои шиддати 110-220-500 кВ ва 97 маҷмуъ трансформаторҳои ҷараёни 110-220-500 кВ гузаронида шуданд.

Дар ин раванд баҳри боэътимод фаъолият намудани системаи энергетикӣ ва коҳиш додани талафоти неруи барқ, дар давраи ҳисоботӣ илова ба нақшаҳои қабулгардида, корҳои зерини назаррас иҷро карда шудаанд:

Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”
дар шаҳри Душанбе:

  • дар зеристгоҳи барқии 110/6 кВ-и «Султонобод» як адад чашмаки иловагии 6 кВ, бо васлаки вакуумӣ муҷаҳҳазшуда, насб карда шуд;
  • дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Таъмиргар» як адад чашмаки иловагии 10 кВ, бо васлаки вакуумӣ муҷаҳҳазшуда, насб карда шуд;
  • дар зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Равшан» равғани зарфи асосии автотрансформатори АТ-2 (125 МВА) ва дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Сироҷ Баҳром» равғани зарфи асосии трансформатори Т-1 (25 МВА) дегазатсия карда шуд;
  • батареяҳои аккумуляторы бо дастгоҳи заряддиҳй, ки дар зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» аз истифодабарй озод гардиданд, дар зеристгоҳи барқии 220/35/6 кВ-и «Норак» васлу насб карда шуданд;
  • дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Ориёно-1» васлаки равғании 35 кВ-и пайвастагии Т-2 ба васлаки элегазии 35 кВ иваз карда шуд;
  • дар ноҳияи Рӯдакӣ бо истифода аз таҷҳизотҳои кумаки техникии Оҷонсии USAID, аз ҷумла трансформаторҳои қудратии якфазаи иқтидорашон 15 МВА (3х15 МВА), зеристгоҳи нави 110/10 кВ-и «Дӯстӣ» сохта ба истифодабарӣ дароварда шуд;
  • дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Сироҷ Баҳром» чашмаки №8, бо насб намудани васлаки вакуумӣ дар он, барқарор карда шуд;
  • дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Камонгарон» як адад чашмаки иловагии 10 кВ насб карда шуд;
  • дар зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Равшан» васлаки равғании 35 кВ-и пайвастагии хати интиқоли барқии Л-РШ-2 ба васлаки элегазии 35 кВ иваз карда шуд;
  • дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Сироҷ- Баҳром» бар ивази трансформатори қудратии Т-1 (25 МВА) трансформатори қудратии 40 МВА насб гардида, санаи 18-уми сентябри соли 2024 трансформатори мазкур ба истифодабарӣ дароварда шуд;
  • дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Дарёобод» трансформаторҳои қудратӣ, таҷҳизотҳои барқии 110, 35, 10 кВ ва пояҳои бетонӣ пурра рангубор карда шудаанд;
  • дар зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» трансформатори қудратии Т-4, таҷҳизотҳои барқии 110, 35 кВ, пояҳои бетонӣ ва равоқпояҳои 110 кВ ва 35 кВ пурра рангубор карда шудаанд;

– дар зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и «Нав» васлаки равғании 10 кВ-и чашмаки №16 ба васлаки вакуумӣ иваз карда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и «Дарёканор» барқгиракҳои 220 кВ дар хати барқии Л-8Д иваз карда шуданд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Пугус» иловатан як чашмак (чашмаки №01) дар бахши 1-уми 10 кВ насб карда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Ориёно-1» бар ивази трансформатори қудратии 16 МВА-и Т-3 трансформатори қудратии 25 МВА насб гардида, ба истифодабарӣ дароварда шуд.

– дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Таъмиргар» бар ивази трансформатори қудратии 10 МВА-и Т-2 трансформатори қудратии 16 МВА насб гардида, ба истифодабарӣ дароварда шуд;

дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Симиганҷ» бар ивази трансформатори қудратии 6,3 МВА-и Т-2 трансформатори қудратии 10 МВА насб гардида, ба истифодабарӣ дароварда шуд;

– дар фосилаи пояҳои 4-5-и хатҳои интиқоли барқи 110 кВ-и Л-О-В-С “Ориёно 2 – Шарқӣ – Сироҷ Баҳром” ва Л-С-В “ Сироҷ Баҳром — Шарқӣ” ноқилҳои намуди АС-120 мм2 ва АС-150 мм2 ба ноқилҳои намуди АС-185 мм2 бо дарозии 5,4 км (6 тор х 0,9 км) иваз карда шуданд.

Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”
дар шаҳри Гулистон:

– дар зеристгоҳи барқии 110/35/10-6 кВ-и «Дилварзин-1» бар ивази трансформатори қудратии 25 МВА-и Т-1 трансформатори қудратии 40 МВА насб карда шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуд;

  • трансформатори қудратии 25 МВА-и аз истифода озодгардидаи зеристгоҳи 110/35/10-6 кВ-и «Дилварзин-1» дар зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Советобод» бар ивази трансформатори қудратии 16 МВА-и Т-2 насб карда шуда, ба истифодабарй дароварда шуд;
  • трансформатори қудратии 16 МВА-и аз истифода озодгардидаи зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Советобод» дар зеристгоҳи 110/35/6 кВ -и «Ғозиён» бар ивази трансформатори қудратии 6,3 МВА-и Т-2 насб карда шуда, ба истифодабарй дароварда шуд;
  • трансформатори қудратии 6,3 МВА -и Т-2-и зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Кафтар» дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Чорбот» барои кам намудани сербории ин зеристгоҳ ҳамчун Т-3 насб карда шуд;
  • дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Ҷомй» бар ивази трансформаторҳои қудратии Т-2 А (10 МВА) ва Т-2Б (10 МВА) трансформатори қудратии 40 МВА насб гардида, ба истифодабарй дароварда шуд;
  • трансформатори қудратии аз истифода озодгардидаи 10 МВА-и Т-2Б-и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Ҷомй» дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Кафтар» бар ивази трансформатори 6,3 МВА-и Т-2- ин зеристгоҳ насб карда шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуд;

трансформатори қудратии аз истифода озодгардидаи 10 МВА-и Т-2А-и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Ҷомй» дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Ғончй» бар ивази трансформатори

қудратии 6,3 МВА-и Т-3-и ин зеристгоҳ насб карда шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуд;

трансформатори қудратии аз истифода озодгардидаи 6,3 МВА-и Т-3-и зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Ғончӣ» дар навбати якуми зеристгоҳи навсохташудаи 110/10 кВ –и «Урметан»- насб карда шуда, айни замон барои зери шиддат гузоштани он корбарӣ рафта истодааст;

– баҳри кам намудани бори хати интиқоли барқи 110 кВ-и Л-У-З «Устувор – Зафаробод», хати интиқоли барқи 110 кВ-и Л-У-З-2 «Устувор – Зафаробод-2» бо дарозии 0,8 км сохта шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и «Бўстон» нақшаи даромад ва баромади хати интиқоли барқи 220 кВ-и Л-24-С-1 «НБО Қайроқум – Суғд-500-1», барои баҳрабардорӣ ва осон намудани хизматрасонии хати интиқоли барқии мазкур, сохта шуд.

Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”
дар шаҳри Бохтар:

– дар зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ–и «Қурғонтеппа» бар ивази трансформатори қудратии 16 МВА-и Т-1, трансформатори қудратии 40 МВА насб карда шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуд;

трансформатори қудратии 16 МВА-и аз истифода озодгардидаи зеристгоҳи бақии 110/35/6 кВ- и «Қурғонтеппа» дар зеристгоҳи барқии “НБО-4” бар ивази трансформатори қудратии 6,3 МВА-и Т-4 насб карда шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Саройкамар», бо насб намудани трансформатори аз

истифодабарй озодгардидаи 6,3 МВА-и зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Навобод», навбати дуюм сохта шуда, ба истифодабарй дароварда шуд;

  • дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Тоҷқалъа», дар навбати дуюми он, дастгоҳи тақсимотии берунаи 10 кВ, иборат аз 6 чашмак, ки аз зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Восеъ» аз истифодабарй озод гардидааст, насб карда шуд;
  • дар зеристгоҳи 110/35/6 кВ-и «Қубодиён-6» ҳамаи таҷҳизотҳо таъмир ва рангубор карда шудаанд;
  • дар навбати дуюми зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Чашма» дастгоҳи тақсимоти комплектии берунии (КРУН) -10 кВ, иборат аз 4 чашмак, ки аз зеристгоҳи 110/35/10 кВ-и «Восеъ» аз истифодабарй озод гардид, насб карда шуд;
  • дар зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и «Лолазор» дастгоҳи тақсимоти комплектии (КРУ) -10 кВ иборат аз 9 чашмак, трансформатори ҷараён, конденсатори 10 кВ ва реактори 10 кВ дар пайвастагии трансформатори қудратии Т-2 насбу васл гардида, санҷишу озмоишҳо гузаронида шуда, ба истифодабарй дароварда шуданд;
  • дар давоми соли 2024, бо мақсади беҳтар намудани таъминоти неруи барқи истеъмолкунандагон, дар дастгоҳҳои тақсимотии комплектии берунии 10 кВ-и зеристгоҳҳои барқии 110 ва 220 кВ 31 адад васлакҳои равғандори нуқсондор ба васлакҳои вакуумии 10 кВ иваз карда шуданд;
  • дар хати интиқоли барқи 220 кВ-и Л-К-Гр “Камолот – Геран” ноқилҳои намуди АС-120, бо

дарозии 9 км, ба ноқилҳои намуди АС-240 иваз карда шуданд;

  • дар байни фосилаи пояҳои 113-116-и хати интиқоли барқи 110 кВ-и Л-Д-Ш “Даҳана – Шуғнов” ноқилҳои фарсудагардидаи намуди АС-120, бо дарозии 1650 метр, ба ноқилҳои нави АС-120 иваз карда шуданд;
  • пояҳои зарардидаи №114, 167-и хати интиқоли барқи Л-Д-Ш “Даҳана – Шуғнов” ба минтақаи бехавф кӯчонида шуданд;
  • пояи дар мавзеъи хатарнок қарордоштаи №236-и хати барқии 110 кВ-и Л-ДКТ “Дарёканор – Бохтар” ба ҷои бехавф кӯчонида шуд;
  • баҳри беҳтар намудани таъминоти барқи муштариёни шаҳри Бохтар ва гирду атрофи он, аз сарборй озод намудани хати барқии 110 кВ-и Л-КТП “Бохтар – Пахтаресй”, инчунин, кам намудани талафоти неруи барқ, аз зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и “Пахтаресй” то сутунпояи №4-и хати интиқоли барқи дузанҷираи 110 кВ-и Л-КТП бо Л-ДКТ (то ба назди зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и “Қурғонтеппа”) ба масофаи 0,8 км хати барқии нав сохта шуд;
  • бо мақсади бартараф намудани камбудиҳо, ки дар натиҷаи ташхиси хроматографии равғани трансформатори трансформаторҳои қудратии зеристгоҳҳои барқии 110 ва 220 кВ корҳои зерин ба иҷро расонида шуданд:
  • дегазатзия ва хушк намудани равғани трансформаторй дар зарфҳои (авто) трансформаторҳои қудратии 220 кВ – 3 адад;
  • дегазатзия ва хушк намудани равғани трансформаторӣ дар зарфҳои трансформаторҳои қудратии 110 кВ – 22 адад;
  • иваз намудани равғани трансформаторӣ дар воридаҳои 110 кВ – 26 адад.

Айни замон дар шабакаҳои интиқоли барқ лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисоби яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ», «Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000», лоиҳаи «Сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ «Роғун – истгоҳи конвертории Сангтўда»», дар доираи “CASA-1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа”, қисмати 1Б-и он, “Сохтмони зеристгоҳи нави 110/10 кВ Исфара-1”, дар доираи лоти 2А -и лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт» корҳо вобаста ба «Барқарорсозии иншоотҳои Сарбанд 110 кВ ва сохтмони зеристгоҳи нави Рўдакӣ дар ноҳияи Восеъ», лоиҳаи “Сохтмони ду хати интиқоли барқи 220 кВ аз ДТПЭ-220 кВ-и НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ «Роғун» ва азнавсозии ДТК-220 кВ-и зеристгоҳи барқии «Роғун»”, инчунин лоиҳаи “Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ” татбиқ гардида истода, корҳо вобаста ба амалисозии лоиҳаи “Азнавсозии шабакаи интиқоли барқ дар вилояти Суғд/ Васеъсозии шабакаи интиқоли барқ дар вилояти Суғд” оғоз гардидаанд.

Хотиррасон намудан лозим аст, ки бо мақсади барқарорсозии фаъолияти параллелии низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо низоми энергетикии Осиёи Марказӣ, айни замон дар системаи

энергетикии ҷумҳурӣ корҳо вобаста ба татбиқи лоиҳаи “Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ” тибқи нақша амалӣ шуда истодаанд.

Қайд намудан зарур аст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур дар санаҳои 7-ум ва 9-уми июни cоли 2024 системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тариқи хатҳои барқии байнидавлатии 500 кВ-и Л-507 (зеристгоҳи барқии “Регар”- зеристгоҳи барқии “Гузар”) ва Л-508 (зеристгоҳи барқии “Регар”- зеристгоҳи барқии “Сурхан”), инчунин хатҳои барқии 220 кВ-и Л-РД (зеристгоҳи барқии “Регар”- зеристгоҳи барқии “Денау”), Л-РЗ (зеристгоҳи барқии “Регар”- зеристгоҳи барқии “Зарчоб”), бо муваффақият ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст карда шуд.

Бояд тазаккур намуд, ки тибқи нақшаи дурнамо барои шабакаҳои барқӣ, айни замон корҳо вобаста ба амалисозии лоиҳаи “Азнавсози шабакаи интиқоли барқ дар вилояти Суғд/ Васеъсозии шабакаи интиқоли барқ дар вилояти Суғд” оғоз карда шудаанд. Амалишавии лоиҳаи мазкур ба беҳбудии кори шабакаҳои барқтаъминкунандаи вилояти Суғд мусоидат менамояд.


Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои интиқоли барқ”

Озмун оид ба ҷалби мушовир

Лоиҳаҳои “Азнавсозии шабакаи интиқоли барқ дар вилояти Суғд” ва “Васеъсозии шабакаи интиқоли барқ дар вилояти Суғд”. Муҳлати ниҳоии қабули пешниҳодҳои озмунӣ то санаи 15.07.2024 сол, соати 15:00 муайян карда шудааст.

Барои иштирок ба истиноди додашуда гузаред :

https://ecepp.ebrd.com/delta/viewNotice.html?displayNoticeId=31430171


Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои интиқоли барқ”

Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои “Шабакаҳои интиқоли барқ”

Номи лоиња: “Таҷдид ва васеъсозии шабакаҳои интиқоли барқ дар вилояти Суғд”

Маблағгузор:  Бонки Аврупои Таҷдид ва Рушд (БАТР)

Маълумот оид ба Лоиҳа:

Ҳадафи лоиҳа азнавсозӣ ва таҷдиди зеристгоҳи барқии    “Суғд-500” мебошад, ки ба беҳбудии шабакаҳои барқтаъминкунии вилояти Суғд, нигоҳ доштани сатҳи шиддат дар ҳудуди меъёр, кам намудани талафоти техникии нерӯи барқ, таъмини босифат ва устувори нерӯи барқи истеъмолкунандагони вилоят, инчунин бо нерӯи барқ таъмин намудани иншоотҳои нав, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои саноатӣ, иншоотҳои хизматрасонию маишӣ, насосҳои обкашӣ ва ғайра оварда мерасонад. 

Арзиши умумии лоиҳа 34 450 000,00 евро ташкил дода, аз ҷониби Бонки Аврупои Таҷдид ва Рушд (БАТР) маблағгузорӣ карда мешавад, ки аз он 23 млн. евро маблағи қарз ва 11,45 млн евро грант мебошад.

Дастрасї ба маълумоти бештар аз суроѓаи зерин имконпазир аст:

ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”

Кучаи Исмоили Сомонӣ 64, шаҳри Душанбе, 734026

Тел: +992 37 295 566

Почтаи электронӣ: gtlshib@gmail.com


ҶСК «ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ»

       Барои хизматрасони ва идоракунии Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои  назди ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» озмун эълон менамояд:

      Роҳбари Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳо – 1 ҷой:

      Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:

      -таҳсилоти олии техники- энергетики

      – доштани қобилияти дипломатия ва ҳалли ҳолатҳои баҳснок;

      – ташабускор;

      – доштани маҳорати ташкилӣ;

      – устувори ба стрес;                              

      -доштани 5 соли таҷрибаи кори дар соҳаи энергетика ё кор бо лоиҳаҳо;

      -доштани дониши амиқи иқтисодӣ;

      -донистани забони руссӣ ва англиси;

      -доштани малакаи хуби кори бо компютер.

       Маоши мансабӣ –  шартномавӣ

АЗ ДОВТАЛАБ ҲУҶАТҲОИ ЗЕРИН ТАЛАБ КАРДА МЕШАВАД:

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 адад акси 4х6 ва 4 адад 3х4);

-шарҳи ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ

Хоҳишмандон метавонанд пешниҳодҳои худро то таърихи 10 феврали соли 2024 ба ҶСК «Шабакаҳои интиколи барқ» ирсол намоянд.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ 64.

Телефонҳо барои тамос: 295624,  939 39 30 30


ҶСК «ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ»

       Барои хизматрасони ва идоракунии Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои  назди ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» озмун эълон менамояд:

      Сармуҳандиси Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳо – 1 ҷой:

      Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:

      -таҳсилоти олии техники- энергетики

      – доштани қобилияти дипломатия ва ҳалли ҳолатҳои баҳснок;

      – ташабускор;

      – доштани маҳорати ташкилӣ;

      – устувори ба стрес;                              

      -доштани 5 соли таҷрибаи кори дар соҳаи энергетика ё кор бо лоиҳаҳо;

      -донистани забони руссӣ ва англиси;

      -доштани малакаи хуби кори бо компютер.

       Маоши мансабӣ –  шартномавӣ

АЗ ДОВТАЛАБ ҲУҶАТҲОИ ЗЕРИН ТАЛАБ КАРДА МЕШАВАД:

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 адад акси 4х6 ва 4 адад 3х4);

-шарҳи ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ

Хоҳишмандон метавонанд пешниҳодҳои худро то таърихи 10 феврали соли 2024 ба ҶСК «Шабакаҳои интиколи барқ» ирсол намоянд.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ 64.

Телефонҳо барои тамос: 295624,  939 39 30 30


ҶСК «ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ»

       Барои хизматрасони ва идоракунии Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои  назди ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» озмун эълон менамояд:

      Сармутахассис оид ба харид Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳо – 1 ҷой:

      Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:

      -таҳсилоти олии иқтисодӣ

      – доштани қобилияти дипломатия ва ҳалли ҳолатҳои баҳснок;

      – ташабускор;

      – доштани маҳорати ташкилӣ;

      – устувори ба стрес;                              

      -доштани 5 соли таҷрибаи кори дар соҳаи иқтисодӣ;

      -донистани забони руссӣ ва англиси;

      -доштани малакаи хуби кори бо компютер.

       Маоши мансабӣ –  шартномавӣ

АЗ ДОВТАЛАБ ҲУҶАТҲОИ ЗЕРИН ТАЛАБ КАРДА МЕШАВАД:

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 адад акси 4х6 ва 4 адад 3х4);

-шарҳи ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ

Хоҳишмандон метавонанд пешниҳодҳои худро то таърихи 10 феврали соли 2024 ба ҶСК «Шабакаҳои интиколи барқ» ирсол намоянд.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ 64.

Телефонҳо барои тамос: 295624,  939 39 30 30


ҶСК «ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ»

       Барои хизматрасони ва идоракунии Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои  назди ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» озмун эълон менамояд:

      Сармутахассис оид ба молияи Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳо – 1 ҷой:

      Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:

      -таҳсилоти олии иқтисодӣ

      – доштани қобилияти дипломатия ва ҳалли ҳолатҳои баҳснок;

      – ташабускор;

      – доштани маҳорати ташкилӣ;

      – устувори ба стрес;                              

      -доштани 5 соли таҷрибаи кори дар соҳаи иқтисодӣ;

      -донистани забони руссӣ ва англиси;

      -доштани малакаи хуби кори бо компютер.

       Маоши мансабӣ –  шартномавӣ

АЗ ДОВТАЛАБ ҲУҶАТҲОИ ЗЕРИН ТАЛАБ КАРДА МЕШАВАД:

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 адад акси 4х6 ва 4 адад 3х4);

-шарҳи ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ

Хоҳишмандон метавонанд пешниҳодҳои худро то таърихи  10 феврали соли 2024 ба ҶСК «Шабакаҳои интиколи барқ» ирсол намоянд.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ 64.

Телефонҳо барои тамос: 295624,  939 39 30 30


ҶСК «ШАБАКАҲОИ ИНТИЌОЛИ БАРЌ»

       Барои хизматрасони ва идоракунии Гуруҳи татбиќи лоиҳаҳои  назди ҶСК «Шабакаҳои интиќоли барќ» озмун эълон менамояд:

      Тарҷумони Гуруҳи татбиќи лоиҳаҳо – 1 ҷой:

      Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:

      -таҳсилоти олии лингвисти

      – доштани маҳорати суханрони;

      – устувори ба стрес;                              

      -доштани дониши амиќи забондони;

      -донистани забони руссӣ ва англиси;

      -доштани малакаи хуби кори бо компютер.

       Маоши мансабӣ –  шартномавӣ

АЗ ДОВТАЛАБ ҲУҶАТҲОИ ЗЕРИН ТАЛАБ КАРДА МЕШАВАД:

-вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 адад акси 4х6 ва 4 адад 3х4);

-шарҳи ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ

Хоҳишмандон метавонанд пешниҳодҳои худро то таърихи 10 феврали соли 2024 ба ҶСК «Шабакаҳои интиколи барќ» ирсол намоянд.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ 64.

Телефонҳо барои тамос: 295624,  939 39 30 30


ҶСК «ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ»

Барои хизматрасони ва идоракунии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» озмун эълон менамояд:

АУДИТОРИ ДОХИЛИИ ҶСК «ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ»

       Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон;

      -таҳсилоти олии касби (муҳосиби, иқтисодӣ); 

      – доштани қобилияти дипломатия ва ҳалли ҳолатҳои баҳснок;

      – ташабускор;

      – доштани маҳорати ташкилӣ;

      – устувори ба стрес;                              

      -доштани 3 соли таҷрибаи кори дар соҳаи иқтисодӣ;

      -доштани дониши амиқи иқтисодӣ;

      -донистани яке аз забонҳои хориҷӣ;

      -доштани малакаи хуби кори бо компютер.

       Маоши мансабӣ –  2720 сомонӣ

       АЗ ДОВТАЛАБОН ҲУҶАТҲОИ ЗЕРИН ТАЛАБ КАРДА МЕШАВАД:

       -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 адад акси 4х6);

       -шарҳи ҳол;

       -нусхаи шиноснома;

       -нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

       -нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

       -нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

Хоҳишмандон метавонанд пешниҳодҳои худро то таърихи 24 июли соли 2023 ба ҶСК «Шабакаҳои интиколи барқ» ирсол намоянд.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ 64.

Телефонҳо барои тамос: 295624,  295335

ҶСК «ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ»

Барои хизматрасони ва идоракунии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» озмун эълон менамояд:

АУДИТОРИ ДОХИЛИИ ҶСК «ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ»

       Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон;

      -таҳсилоти олии касби (муҳосиби, иқтисодӣ); 

      – доштани қобилияти дипломатия ва ҳалли ҳолатҳои баҳснок;

      – ташабускор;

      – доштани маҳорати ташкилӣ;

      – устувори ба стрес;                              

      -доштани 3 соли таҷрибаи кори дар соҳаи иқтисодӣ;

      -доштани дониши амиқи иқтисодӣ;

      -донистани яке аз забонҳои хориҷӣ;

      -доштани малакаи хуби кори бо компютер.

       Маоши мансабӣ –  2720 сомонӣ

       АЗ ДОВТАЛАБОН ҲУҶАТҲОИ ЗЕРИН ТАЛАБ КАРДА МЕШАВАД:

       -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 адад акси 4х6);

       -шарҳи ҳол;

       -нусхаи шиноснома;

       -нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

       -нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

       -нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

Хоҳишмандон метавонанд пешниҳодҳои худро то таърихи 24 июли соли 2023 ба ҶСК «Шабакаҳои интиколи барқ» ирсол намоянд.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ 64.

Телефонҳо барои тамос: 295624,  295335