Санаи 2-юми феврали соли 2026 дар толори селектории Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо иштироки кормандони ҷамъият ду масъалаи муҳими рӯз мавриди баррасӣ ва фаҳмондадиҳӣ қарор гирифт.
Аввал, дар мавзуи «Одоби меҳнат ва фарҳанги муошират» аз ҷониби масъулини ҷамъият таъкид шуд, ки асоси пешрафти мо дар риояи муносибат ва эҳтироми инсонӣ ниҳон аст; кормандон вазифадор шуданд, ки уҳдадориҳои вазифавиро бо интизоми қатъӣ ҳангоми дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», иҷро намуда, дар муошират бо муроҷиаткунандагон, ҳамкасбон ва калонсолон аз одоб ва муомилаи нек истифода баранд.
Сипас, дар бахши «Ифротгароӣ ва терроризм — вабои асри муосир» ба ҳозирин хатарҳои ҷиддии ин зуҳуроти номатлуб фаҳмонида шуда, аз ҳар як корманд даъват ба амал омад, ки дар ҳифзи суботи ҷомеа ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ғояҳои ифротӣ ва бегона дар ҳаёти воқеӣ мубориза баранд. Ҷаласа бо ҳадафи таҳкими ваҳдати коллектив ва баланд бардоштани масъулияти ватандӯстии кормандон ҷамъбаст гардид.



















