Имрӯз (30.12.2025) Дар толори идора ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарон ва кормандони ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид.
Ҳадафи асосии ҳамоиш шарҳу тавзеҳи нуктаҳои калидии Паёми Сарвари давлат, бахусус дар самти энергетика, муайян намудани вазифаҳои афзалиятноки соҳа ва татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар фаъолияти минбаъдаи сохторҳои энергетикӣ арзёбӣ гардид.
Дар ҳамоиш муовини Директори генералии ҶСК «Барқи Тоҷик» Қурбонзода Абдулло Абдураҳим баромад намуда, самти энергетикии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дод. Номбурда таъкид намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун санади стратегӣ барои рушди устувори соҳаи энергетика заминаи воқеӣ фароҳам оварда, дар он масъалаҳои таъмини амнияти энергетикӣ, истифодаи самараноки захираҳо, коҳиши талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир мақоми махсус доранд.
Сипас, Самизода Абдуалим — менеҷери раёсати системаи амалиётии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» суханронӣ намуда, дар партави Паёми Президенти кишвар оид ба зарурати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, пешгирии талафоти техникиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти кормандон дар ҳамаи зинаҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ андешаҳои худро баён кард.
Дар идомаи ҳамоиш чанде аз кормандони соҳаи энергетика низ баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат иброз доштанд. Онҳо Паёмро ҳамчун роҳнамои рушди соҳа арзёбӣ намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар самти энергетика изҳор намуданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки натиҷаҳои чунин ҳамоишҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву касбии кормандон мусоидат намуда, барои иҷрои босифати дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таъмини рушди устувори соҳаи энергетика нақши муассир хоҳанд гузошт.




















