07 октябри соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар ҳамбастагӣ бо филиали ҷамъият дар шаҳри Бохтар ҷаласа баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ ва ҳуқуқии кормандони ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, тақвият бахшидан ба низоми электронии пардохти ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ ва бо истифода аз технологияҳои рақамӣ бартараф намудани омилҳои инсонӣ ва ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм мебошад.















