18 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои соҳаи энергетикаи кишвар конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба коррупсия – омили рушди соҳаи энергетика» баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, тақвият бахшидан ба низоми электронии пардохти ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ ва бо истифода аз технологияҳои рақамӣ бартараф намудани омилҳои инсонӣ дар ин самт мебошад.
Дар рафти конфронс зикр гардид, ки дар ҷаҳони муосир соҳаи энергетика яке аз рукнҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Хусусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ аст, бунёди нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ на танҳо манбаи асосии таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ, балки омили муҳими таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди устувори иқтисодӣ мебошад.
Аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешгирии содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла талафот ва дуздии барқ, бетарафӣ зоҳир накарда, бо ин роҳ дар амалӣ намудани ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ саҳмгузор бошанд. Зимни суханрони муовини директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» – Б. Усмонов масъалаҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар фаъолияти ҳамарӯза, роҳ надодан ба пайдоиши заминаҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, боз ҳам шаффофу содда намудани муносибатҳои молиявию хизматрасонӣ байни масъулину муштариён, ҷорӣ намудани механизмҳои муосири ҳисобу китоб ва назорату истифодаи неруи барқро дар меҳвари суханрониҳои худ қарор дода, дар маҷмуъ оид ба дорои чӣ гуна сифатҳо будани кормандони соҳаи энергетика, ки бевосита барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб зарур арзёбӣ мегарданд, хулосабандӣ гардиданд.






















