НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ҶСК “ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ” ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо дастгирӣ ва кўмаки бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли ҷорӣ ҷиҳати иҷро намудани қарорҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №330 “Дар бораи масъалаҳои ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва аз 28-уми марти соли 2025, №218 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026”, инчунин, амалӣ намудани талаботҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар давраи ҳисоботӣ самти асосии фаъолияти худро вобаста ба сарфакорона истифода намудани неруи барқ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизоти шабакаҳои интиқоли барқ ва беҳтар намудани сифати интиқоли неруи барқ равона намуд.

Дар робита ба ин, тибқи маълумотҳо, нишондиҳандаҳои асосии истеҳсолию молиявии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар нимсолаи якуми соли 2025 чунин ҷамъбаст гардиданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2025 аз тарафи ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” аз ҶСК “Барқи Тоҷик” ва неругоҳҳои барқии обии Сангтуда-1, Сангтуда-2, Роғун, ҷумҳуриҳои Ўзбекистон ва Қирғизистон, дар маҷмуъ 12 829 135 078 кВт.соат энергияи барқ қабул гардида, 12 441 314 118 кВт.соат ба истифодабарандагони дохилӣ ва берун аз кишвар энергияи барқ интиқол карда шуд.

Дар маҷмуъ дар нимсолаи якуми соли 2025 талафоти техникии энергияи барқ дар зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ 384 302 259 кВт.соат ва ё 2,996%-ро ташкил дод, ки он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 дар умум 0,357% кам мебошад.

Дар ин раванд, бо мақсади муайян ва кам намудани талафоти технологӣ дар доираҳои бастаҳои 1 ва 4-и лоиҳаи “Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ” ҳисобгиракҳои ҳозиразамони электронӣ дар неругоҳҳои барқӣ ва дар чашмакҳои воридотию содиротии зеристгоҳҳои барқии 110-220-500 кВ насбу васл карда шуданд.

Дар соли 2025, ҳамчун яке аз вазифаҳои афзалиятнокии ҷамъият, масъалаи кам намудани талафоти энергияи барқ қабул гардида, бо ин мақсад қаблан 22 январи соли 2025 дар ҷамъият, бо фармони №10, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, дар асоси он аз ҷониби зерсохторҳо дар давраи ҳисоботӣ корҳои зерин амалӣ карда шудаанд:

Фарқияти қабул, интиқол ва талафоти неруи барқ дар шабакаҳои интиқоли    барқ дар шаш моҳи соли 2025 нисбат ба шаш моҳи 2024

– дар 22 адад хатҳои интиқоли барқи 110-220 кВ корҳо ҷиҳати мусоидгардонии (оптимизатсия) ҷойҳои ҷудокунии хатҳои барқӣ гузаронида шуданд;

– 39 адад (авто) трансформаторҳои қудратии шиддати аввалиашон 110 ва 220 кВ, ки дар вақтҳои дар реҷаи камборӣ фаъолият мекарданд, хомўш карда шуда буданд;

– 19 км ноқилҳои сербор дар хатҳои интиқоли барқи 110-220 кВ ба ноқилҳои буриши кундалангиашон калонтар иваз карда шуданд;

– дар ноҳияи Айнӣ зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и “Урметан”, бо се адад хатҳои интиқоли барқии 10 кВ-и содиротӣ, сохта ва ба кор дароварда шуданд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и “Ғафуров” трансформатори қудратии Т-2, 16 МВА, ба истифода дароварда шуд;

– дар зеристгоҳҳои барқӣ муоинаи техникии 81 адад нуқтаҳои баҳисобгирии энергияи барқ гузаронида шуданд;

– баҳри сари вақт ошкор намудани нуқсонҳо дар системаи баҳисобгирии энергияи барқ ва бартараф намудани онҳо, ҳар моҳ нишондодҳои ҳисобгиракҳои барқии зеристгоҳҳои барқии 110-220-500 кВ дар як вақти муайяншуда гирифта шуда, тавозуни зеристгоҳҳои барқии баландшиддат тартиб дода мешаванд.

Инчунин, дар ин самт, бо дастгирии бевоситаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри ҷуброн намудани тавоноии реактивӣ ва баланд намудани сатҳи шиддат дар шабакаҳои интиқоли барқии шимоли мамлакат ва дар ин замина коҳиш додани талафоти технологии нерўи барқ ва зиёд намудани интиқоли нерўи барқ ба истифодабарандагон, дар санаи 27.06. соли 2025 (дар соати 15:30) қисман таҳти шиддат, бе бор, хати инқоли барқи 500 кВ- и “Датка- Суғд” гузошта шуд.

Аз тарафи ҷамъият ба корҳо дар ин самт, тибқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ идома дода мешаванд.

Баҳри дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани таҷҳизоти мавҷудаи шабакаҳои интиқоли барқи системаи энергетикии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сифати неруи барқ, дар корхонаҳои зертобеи ҷамъият корҳои таъмирию барқарорсозӣ, аз ҷумла таъмирҳои асосӣ ва ҷории таҷҳизот ба роҳ монда шудаанд.

Аз ҷумла, дар нимсолаи якуми соли 2025 дар шабакаҳои интиқоли барқ таъмири асосии 154,06 км хатҳои ҳавоии барқии 110-220-500 кВ, 4 адад трансформатори қудратии 110 кВ, 48 маҷмуъ васлакҳои 35-110-220 кВ, 3 маҷмуъ ҷудокунакҳои 110-220 кВ ва 1 маҷмуъ алоҳидакунак – кўтоҳваслаки 110 кВ гузаронида шудаанд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ, тибқи нақшаҳои қабулгардида, дар шабакаҳои интиқоли барқ таъмири ҷории таҷҳизот низ гузаронида шуданд.

Дар ин раванд баҳри боэътимод фаъолият намудани системаи энергетикӣ ва коҳиш додани талафоти неруи барқ, дар давраи ҳисоботӣ илова ба нақшаҳои қабулгардида, корҳои зерин иҷро карда шудаанд:

Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ
дар ша
ҳри Душанбе:

1. Барои пешгирӣ намудани сербории автотрансформаторҳои АТ-1 (200 МВА) ва АТ-2 (200 МВА) зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и «Нав» дар ҳудуди зеристгоҳи мазкур автотрансформатори иқтидораш 125 МВА ҳамчун АТ-3 насб карда шуд. Дар тарафи 220 кВ автотрансформатори мазкур таҷҳизотҳои лозима насбу васл карда шуда, ба тахтасими 2-юми 220 кВ пайваст карда шуданд. Тарафи 110 кВ автотрансформатори зикршуда бо таҷҳизотҳои лозима муҷаҳҳаз гардонида шуда, бори хати барқии 110 кВ-и хати барқии Л-НШ (Нав-Шаҳрӣ) ба он гузаронида шуд. Корҳои зикршуда дар муҳлати кўтоҳтарин амалӣ карда шуданд.

2. Дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Чоряккорон» се адад чашмакҳои иловагии 10 кВ намуди К-59, бо васлакҳои вакууми муҷаҳҳазгардида, насб карда шуданд.

3. Барои пешгирӣ намудани сербории трансформатори Т-1 (6,3 МВА) зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Қалъа», дар зеристгоҳи барқии мазкур трансформатори навъи ТМН-63МВА, ки аз зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Симиганҷ» озод гардида буд, дар навбати дуюми он ҳамчун Т-2 насб карда шуд.

4. Дар зеристгоҳи барқии “Тоҷикобод” воридаҳои 110 кВ-и фарсудагардидаи трансформатори қудратии Т-1 ба воридаҳои нав иваз карда шуданд.

5. Бо мақсади боэътимод бо барқ таъмин намудани биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе ёрии техникӣ расонида шуда, дар ин раванд барои фароҳам овардани имконияти бо барқ таъмин намудани зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Парламент» натанҳо аз хати интиқоли барқи 110 кВ-и Л-ОВС, балки ҳамчун манбаъи дуюм аз хати интиқоли барқи 110 кВ-и Л-СВ, дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Ваҳдат» таҷҳизотҳои барқӣ васлу насб гардида, инчунин, барои автоматӣ гузаштан ба манбаъи дуюм дастгоҳи худкори захиравӣ (АВР) васлу насб ва фаъол карда шуд.

6. Дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Ғарм» васлаки равғании 110 кВ-и хатҳои интиқоли барқи ЛРГ-2 ва ЛРТ-1 ба васлакҳои элегазии 110 кВ иваз карда шуданд.

7. Дар зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Лоҳур» мувофиқи нақша-чорабиниҳо оиди тайёр намудани таҷҳизотҳои барқӣ дар давраи тирамоҳу-зимистони солҳои 2025-2026 васлаки равғании пайвастагии трансформатори қудратии Т-2 ба васлаки элегазии 35 кВ иваз карда шуд.

8. Барои пешгирӣ намудани сербории трансформатори Т-1- и тавоноиаш 2,5 МВА -и зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Боботоғ», трансформатори мазкур ба трансформатори иқтидораш балантар – 4 МВА иваз карда шуд. Дар зеристгоҳи мазкур таъмири ҷории ҳамаи таҷҳизотҳои барқии 110, 10 кВ гузаронида шуда, рангу бор карда шуданд.

9. Дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Қалъа» таъмири ҷории ҳамаи таҷҳизотҳои барқии 110, 10 кВ гузаронида шуда, рангу бор карда шуданд.

10. Дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Дурбат» васлакҳои равғанӣ дар пайвастагиҳои трансформаторҳои қудратии Т-1 ва Т-2 ба васлакҳои элегазии 110 кВ иваз карда шуданд.

11. Дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Симиганҷ» алоҳидакунаку кутоҳваслакҳои 110 кВ дар пайвастагиҳои трансформаторҳои қудратии Т-1 ва Т-2 ба васлакҳои элегазии 110 кВ иваз карда шуданд.

Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ
дар ша
ҳри Гулистон:

1. Нақшаи даромад-баромад ба зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Шўроб» тариқи хатҳои интиқоли барқи 110 кВ «Л-Конибодом-Шўроб» ва «Л-Исфара-Шўроб», бо насби як маҷмуъ равоқпояи оҳану бетонии 110 кВ, як адад ҷудокунаки 110 кВ, як маҷмуъ тахтасимбандии 110 кВ, иҷро карда шуд.

2. Бо сабаби зиёд будани консентратсияи газҳо дар равғани зарфи асосии автотрансформатори АТ-2 (125 МВА) зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ -и «Кишоварз» қисми фаъоли он аз муоина гузаронида шуда, равғани зарфи асосии он дегазатсия карда шуд.

3. Бо сабаби зиёд будани консентратсияи газҳо дар равғани зарфи асосии автотрансформатори АТ-1 (200 МВА) зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и «Устувор», қисми фаъоли он аз муоина гузаронида шуда, равғани зарфи асосии он дегазатсия карда шуд.

4. Бо сабаби зиёд будани консентратсияи газҳо дар равғани зарфҳои асосии трансформаторҳои зеристгоҳи барқии «Бустон», «Пахтакор», «Дилварзин-1», «Хоҷа-Бақирғон», «Ғафуров, «Тоҷвар», «Советобод» ва «Қолинбоф», равғани зарфҳои асосии онҳо дегазатсия карда шуданд.

Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ
дар ша
ҳри Бохтар:

1. Дар зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и «Камолот» дар пайвастагии хати барқии 220 кВ-и Л-5К “НБО-и Сарбанд -Камолот” васлаки элегазии 220 кВ, ҷудокунакҳои 220 кВ ва трансформатори ҷараёни 220 кВ насб карда шуда, зери шиддат ва бор гузошта шуданд.

2. Дар хати интиқоли барқи Л-115 “Геран – Афғонистон” 7,8 км ноқилҳои буриши кундалангиашон 120 мм2 ба 185 мм2 иваз карда шуданд.

3. Бо мақсади кам намудани талафот ва аз серборӣ озод намудани трансформаторҳои қуввагии зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Ховалинг», инчунин бо барқи босифат таъмин намудани аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ, дар ҷамоати деҳоти Шугнови деҳаи Зелолаки ноҳияи Ховалинг, бо қувваи худӣ зеристгоҳи барқии 110/6 кВ-и «Зелолак», бо насб намудани 1 адад трансформатори қуввагии 6300 кВА дар он, сохта ба истифода дода шуд.

4. Дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Даҳана» алоҳидакунаку кутоҳваслаки 110 кВ дар пайвастагии трансорматори қудратии Т-1 ба васлаки элегазии 110 кВ иваз карда шуд.

5. Дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Ломоносов» бо пуррагӣ таъмири асосии бинои пулти идораи фаврӣ, утоқи навбатдорон ва утоқи аккумуляторӣ гузаронида шуданд.

Дар ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, №218, фармони директори генералии ҷамъият аз 30 апрели соли 2025, №30, ба тасвиб расидааст.

Бо мақсади омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 аз тарафи филиалҳои ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳрҳои Душанбе, Гулистон ва Бохтар иҷро намудани 114 номгўи чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, аз ин миқдор чорабиниҳо то ба ҳолати 1-уми июли соли 2025 49 адади онҳо пурра ва 18 адад қисман иҷро карда шудаанд. Дар маҷмуъ иҷроиши умумии нақшаи чорабиниҳои ҷамъият, бо назардошти чорабиниҳои қисман иҷрогардида, то ба ҳамин рўз 52,2%-ро ташкил дод.

Дар солҳои охир бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои об, бо мақсади ноил гардидан ба иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла “Таъмини истиқлолияти энергетикӣ”, баҳри баланд намудани эътимоднокии таъминоти барқ барои муштариён ва коҳиш додани талафоти неруи барқ, бо ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ, як қатор лоиҳаҳо дар системаи энергетикӣ амалӣ ва татбиқ гардида истодаанд, ки амалисозии онҳо бевосита ба фаъолияти минбаъдаи корхонаҳои соҳаи энергетика таъсири мусбӣ мегузоранд.

Бояд тазаккур намуд, ки тибқи нақшаи дурнамо барои шабакаҳои барқӣ, айни замон корҳо вобаста ба амалисозии лоиҳаи “Таҷдиди шабакаи интиқоли барқ дар вилояти Суғд/ Васеъсозии шабакаи интиқоли барқ дар вилояти Суғд”, ки фармоишгари лоиҳа ҷамъият мебошад, иҷро гардида истодаанд.

Мақсади лоиҳа таҷдид ва васеъсозии зеристгоҳи барқии “Суғд-500” мебошад, ки тавассути харидорӣ ва васлу насб намудани як гурўҳ автотрансформаторҳо бо тавоноии 3х267 (801) МВА дар навбати сеюми зеристгоҳи барқии мазкур ва иваз намудани як гурўҳ автотрансформаторҳои мавҷудбудаи тавоноии 3х167 (501) МВА ба автотрансформаторҳои нави иқдидорашон 3х267 (801) МВА, инчунин, харидорӣ ва васлу насб намудани таҷҳизотҳои ҳимояи релегӣ ва автоматика, системаи мониторинг, васлакҳо, ҷудокунакҳо ва сиситемаи оташхомўшкунии автотрансформаторҳои мазкур, амалӣ карда мешавад.

Илова ба ин, дар доираи лоиҳа бино дар масоҳати на камтар аз 760 м2 барои хизматрасонии кормандон ва пулти идораи фаврии зеристгоҳи барқии мазкур сохта шуда, системаи назорати видеоӣ ҳудуди зеристгоҳ пурра иваз карда мешавад.

Амалишавии лоиҳаи мазкур ба беҳбудии шабакаҳои барқтаъминкунандаи вилояти Суғд, нигоҳ доштани сатҳи шиддат дар ҳудуди меъёр, кам намудани талафоти техникии нерўи барқ, таъмини босифат ва устувори нерўи барқи истеъмолкунандагони вилояти Суғд, инчунин бо нерўи барқ таъмин намудани иншоотҳои нав, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои саноатӣ, иншоотҳои хизматрасонию маишӣ, насосҳои обкашӣ ва ғайра оварда мерасонад.

Қаблан, дар санаи 14-уми январи соли 2025 бо ширкати мушовирии “GOPA international Energy Consultant GmbH” (“GOPA Tach” Олмон), ки дар озмун ғолиб омада буд, шартнома ба имзо расонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар ин раванд созишномаи грантӣ (Кумаки техникӣ) байни ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар санаи 17 марти соли 2025 ба имзо расонида шуд.

Натиҷаи фаъолияти истеҳсолию молиявии нимсолаи якуми соли 2025 -и ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”-ро ҷамъбаст намуда, роҳбарияти ҷамъият тасмим гирифтааст, ки дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нимсолаи дуюми соли 2025 корҳоро дар самти амалисозии чорабиниҳои зерин пурзур намояд:

– васеъ ҷорӣ намудани роҳҳои истифодаи самараноку сарфакоронаи неруи барқ ва андешидани тадбирҳо оид ба кам намудани талафоти технологии неруи барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ;

– дар ҳамкорӣ бо ҶСК “Барқи Тоҷик” андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати боэътимод ва босифат интиқол намудани неруи барқ дар мавсими обёрӣ ва давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 ба истифодабарандагони ҷумҳурӣ, инчунин тавассути хатҳои барқии байнидавлатӣ дар фасли тобистон интиқол намудани неруи барқ ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя;

– андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо пуррагӣ иҷро гардидани нақшаҳои дар соли 2025 қабулгардида;

– дар ҳамкорӣ бо МД Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” ва ҶСК “Барқи Тоҷик” андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати бо сифати баланд ва сари вақт амалисозии лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар шабакаҳои интиқоли барқ;

– тақвият додан ба корҳо дар ҳама самтҳо дар доираи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №330, «Дар бораи масъалаҳои ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ».

Share:

Author: admin_shib