Баргузории машварати корї вобаста ба иҷрои муқаррарот ва риояи талаботи вобаста ба иҷрои муқаррарот ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулият барои падару модар  дар тарбияи кӯдак»

Санаи 16-уми июли соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” вобаста ба иҷрои муқаррарот ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои падару модар дар тарбияи кӯдак» бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторї ва кулли кормандони ҷамъият, машварати корї баргузор гардид.

 Ҷаласаро Раисикунанда – сардори департаменти молия ва маъмурии  ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» – А. Каримзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, сараввал ҳозиринро оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои падару модар дар тарбияи кӯдак» дар ҷамъият, шинос намуда, ҳамзамон иброз дошт, ки роҳбарият ва масъулини Ҷамъият тасмим гирифтаанд, ки вобаста ба риояи талаботи қонуни мазкур, мавриди истифода қарор гирифтани он ва ҷараёни минбаъдаи корҳо дар ин самт дар муҳлатҳои муқарраргардида машваратҳои корї баргузор карда шавад.

Дар идомаи суханрониаш мавсуф таъкид намуд, ки бидуни таълиму тарбия наметавон фарзанди боодобу бофарҳангро ба воя расонид. Наметавон ҷомеаро пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат умед баст. Маҳз Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи кӯдак” дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, ки нерӯи пурқудрат, боигарї ва созандагони Ватан маҳсуб меёбанд, нақши созандае гузошта истодааст ва мо итминони комил дорем, ки минбаъд низ дар таълиму тарбия ва ба воя расонидани насли воқеан ҳам комил саҳмгузор хоҳад буд.

Яъне, он чизеро, ки падару модар дар зеҳни ин мавҷуди хурдакак ҷой мекунанд, маҳз ҳамон чиз пешбарандаи ҳаёти ояндаи ӯ мегардад. Агар дар қолаби фарзандамон ба ҷои бадиву бадахлоқї мо хислатҳои ҳамидаи инсониро ҷой намоем, пас яқин аст, ки мо рисолати падару модариамонро иҷро намудаем. Пас чунин падару модарро метавон ситоиш намуд.

          Дар идомаи кори ҷаласа, Раиси Кумитаи занони ҷамъият, муовини сардори Хадамоти марказии воситаҳои танзим ва идораи технологї Дилафрӯз Зоирї баромад намуда, дар бораи нақши модар дар таълиму тарбияи фарзанд, мақоми зан дар амалисозии ин раванди муҳим ва дигар паҳлуҳои ин масъала нуқтаи назари худро иброз намуд.

Мавсуф қайд намуд, ки зан дар оилаи тоҷик ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад, зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хосси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокишавии зан аҳамияти хосса дода, кӯшидааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои хонавода маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Барои ҳамин, ба хотири устувории оила дар заминаи муҳаббати самимӣ ба якдигар дар ҷомеаи мо оила бунёд мекунанд. Пеш аз он ки фарзандон ба ҳаёти мустақилона гусел карда шаванд, онҳо бояд аз нозукиҳои оиладорӣ, одоб, муошират, муносибат, хуллас аз маҷмуи талаботи моддию маънавӣ огоҳӣ дошта бошанд. Аз ҷумла, ба тарбияи духтарон ба ин мақсад аҳаммияти зарурӣ дода шуда, ҳанӯз аз хурдӣ ба онҳо тарзи муносибат ва муошират омӯзонда мешавад.

Дар баробари ин, дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки дар лаҳзаҳои ҳассос занони тоҷик дар қатори мардон мардонагиву шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон додаанд. Намунаи ин қаҳрамониҳоро дар фаъолияти Малика Томирис, қаҳрамониҳои Рухшона, чил духтари покдомани хатлонӣ ва ҷонфидоиҳои Гурдофарид дида метавонем. Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ расонида, агар модар китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд.

Бузурге фармудааст:  Ҷомеае фаъол шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешоҳангӣ дошта бошанд. Пас суоле ба миён меояд, ки кадом гурӯҳи занон дар ҷомеа пешоҳанг шуда метавонанд? Албатта, маҳз ҳамон заноне, ки соҳибмаърифатанд. Оё зани имрӯза соҳибмаърифат аст? Суоле ҳаст, ки доимо бояд дар мадди назар бошад. Баъзан ҳолатҳое ҷой доранд, ки ба масъалаи омӯзиши занон, соҳибкасб гардидани онҳо кам аҳаммият дода мешавад. Ин гуна рафтор ба талаботи замон мувофиқ нест. Тарбияи занони бомаърифатро дар хонавода, дар мактаб ва ҷомеа мақсаднок ташкил намоем. Манзур аз ин гуфтаҳо тарбияи духтарон дар мактаб ва хонавода бошад. Ин ду ниҳод метавонанд дар алоқамандӣ тарбияи фарҳанги оиладорӣ, касбомӯзӣ ва соҳибилм шудани духтаронро, ки занону модарони ояндаи моянд, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Баъдан, сухани навбатї ба Раҳматуллозода Муҳаммад – Раиси ҷавонони ҷамъият, сардори шуъбаи эътимодият ва амнияти фаннии ҷамъият вогузор гардид. Дар суханронии худ М. Раҳматуллозода ба мавзӯи саҳми ҷавонон дар амалишавии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи кӯдак” дахолат намуда, ҳамзамон қайд намуд, ки рисолати ҳар як падару модар пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тадрис барои фарзандаш маҳсуб меёбад. Падару модар, ки сутуни хонавода ва таълимгару тарбиятдиҳандаи ба шумор мераванд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Набояд фаромӯш сохт, ки ҳар як падару модар эътибори худро дар назди фарзанд бо тарбияи хуб афзун кунонида метавонад.

 Махсусан, нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Маҳз аз падару модари хубу бомаърифату оқил фарзандони хуб ба дунё меоянд. Ҳатто бубинед, беҳуда забонро забони модарї намегуянд, аз модари сухандону ширинбаён фарзанд аз овони тифлї одоби суханвариро меомузад.

Дар замони ҷаҳонишавӣ тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон, яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардуми тоҷик ва ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар вобастагии калон дорад. Ягона роҳе, ки ҷавонон миллатро пеш мебарад, ин дониши хуби онҳост. Тарбияи ҷавонон аз муҳит ва шароити ҷамъият вобастагии зич дорад. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими худшиносиву ватанпарварии миллӣ барои мо, ҷавонон чароғи раҳнамо буда, моро барои расидан ба мақсади наҷиб ҳидоят менамоянд. Воқеан ҳам, дар ҷомеаи мо насли наве ба воя мерасад, ки дорои ҷаҳонбинии фарох, донишҳои замонавӣ ва ташнаи илму ирфон аст. Муҳити созанда дар кишвар имкон медиҳад, ки ҷавонон солимфикр ба воя расанд.

Дар идомаи кори ҷаласа ҳамчунин С.Усмонзода – сардори шуъбаи сохтмони асосї, Ҷ.Ҳалимов – сардори бахши ҳуқуқ, С.Ғаюров – сардори шуъбаи баҳисобгирї ва маблағгузорї ва Ҷ.Саъдуллоев – масъули татбиқи қонуни мазкур ба сухан баромада, дар бораи муҳтаво зарур рӯзмарра будани қонуни мазкур, баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модарон, баъзе паҳлуҳои ҳуқуқии муқаррароти қонун ва дигар масъалаҳои умдае, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои падару модар дар тарбияи кӯдак» бармеоянд, изҳори ақида намуданд.

Ҷаласаи навбатии корї, дар маҷмуъ бо чунин натиҷагирї ба итмом расид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои падару модар дар тарбияи кӯдак» дар тарбияи кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ муҳиму саривақтӣ мебошад. Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон, яке аз талаботи имрӯзаи ҷомеаи мо мебошад. Мунтазам гузаронидани чунин вохӯриҳову корҳои фаҳмондадиҳї дар Ҷамъият дар пеш рафтану самараи хуб додани корҳои тарбиявӣ нақши муҳим дорад. Таълиму тарбияи фарзанд равандест, ки бояд дар якҷоягӣ ба роҳ монда шавад ва он фосиларо намепазирад. Фарзанд дар оила бояд ончунон ба камол расад, ки боиси натанҳо таҳсину офарин, балки номбардори падару модар ва Ватану миллат гардад.


Share:

Author: admin_shib