Баргузории машварати корӣ оид ба аҳамият ва зарурати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулият барои падару модар  дар тарбияи кӯдак»

Санаи 20-уми феврали соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” вобаста ба аҳамият ва зарурати иҷрои талаботи  қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои падару модар дар тарбияи кӯдак» бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кулли кормандони ҷамъият, машварати корӣ баргузор гардид.

        Ҷаласаро Раисикунанда – сардори Департаменти молия ва маъмурӣ муҳтарам Абдулмуъмин Каримзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, сараввал ҳозиринро оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои падару модар дар тарбияи кӯдак», шинос намуда, дар як вақт таъкид ба амал оварданд, ки роҳбарият ва масъулини Ҷамъият тасмим гирифтанд, ки тибқи фармон ва нақшаи чорабиниҳои татбиқу амалисозии қонуни мазкур, ки аз ҷониби Директори генералии Ҷамъият аввали соли ҷорӣ ба имзо расидааст, вобаста ба риояи талаботи қонуни мазкур, мавриди истифода қарор гирифтани он ва ҷараёни минбаъдаи корҳо дар ин самт бо Шумо, ҳамкорони муҳтарам машварати навбатии корӣ баргузор намоем.

    Тавре мо, ҳамагон аллакай огаҳӣ дорем ва ин талаботро ҳама медонему риоя ҳам мекунем, мақсади асосӣ ва вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар ин, ба камол расонидани насли солиму соҳибмаълумот, бунёдкор, неруманд ва миллатдӯсту ватанпараст мебошад.

Ҳамзамон А. Каримзода иброз доштанд, ки суханҳо дар ин бора бисёр гуфтаанду бисёр навиштаанд, лекин ҳамоно мо ё аз нақли наздикон, ё гуфтугузори ҳамсоягон ё тариқи матбуоти даврӣ ё тавре худ мушоҳида менамоем, ҳоло ҳам дар ҷомеаи мо ҳастанд падару модароне, ки нисбат ба тарбияи фарзанди худ, ояндаву меросбари волидон, хунукназариву саҳлангорӣ менамоянд.

   Набояд фаромӯш кард, ки бидуни таълиму тарбия наметавон фарзанди боодобу бофарҳангро ба воя расонид. Наметавон ҷомеаро пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат умед баст. Маҳз Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи кӯдак” дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, ки нерӯи пурқудрат, боигарӣ ва созандагони Ватан маҳсуб меёбанд, нақши созандае гузошта истодааст ва мо итминони комил дорем, ки минбаъд низ дар таълиму тарбия ва ба воя расонидани насли воқеан ҳам комил саҳмгузор хоҳад буд.

Мусаллам аст, ки падару модар дар ибтидои ташаккули кӯдак нақши асоситарин дошта, фарзандон тамоми муносибатҳои инсониро маҳз бо фаҳмиши онҳо дарк мекунанд ва аз рӯи ҳамин муносибати худро ба олами атроф муайян мекунанд.

Яъне, он чизеро, ки мо – падару модар дар зеҳни ин мавҷуди хурдакак ҷой мекунем, маҳз ҳамон чиз пешбарандаи ҳаёти ояндаи ӯ мегардад. Агар дар қолаби фарзандамон ба ҷои бадиву бадахлоқӣ мо хислатҳои ҳамидаи инсониро ҷой намоем, пас яқин аст, ки мо рисолати падару модариамонро иҷро намудаем. Пас чунин падару модарро метавон ситоиш намуд.

Бидуни таълиму тарбия ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат умед баст. Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи кӯдак” дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, ки нерӯи пурқудрат, боигарӣ ва созандагони Ватан маҳсуб меёбанд, нақши созандае гузошт.

          Сипас, дар ҷараёни ҷаласа, Раиси Кумитаи занони ҷамъият, муовини сардори Хадамоти марказии воситаҳои танзим ва идораи технологӣ Дилафрӯз Зоирӣ баромад намуда, дар бораи нақши модар дар таълиму тарбияи фарзанд, мақоми зан дар амалисозии ин раванди муҳим ва дигар паҳлуҳои ин масъала нуқтаи назари худро иброз намуд.

Мавсуф ҳамчунин қайд намуд, ки тарбияи аввалин аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор аст. Аз эҳсоси баланди масъулияти хусусан модар хулқу атвори ояндаи фарзанд вобастагии калон дорад. Беҳуда нагуфтаанд, ки модар чӣ гуна фарзанд намуна. Ҳар гуна муносибате, ки кӯдак дар оила мушоҳида менамояд, дар оянда онро такрор менамояд, агар бо маърифат рӯ ба рӯ гашт, муносибати боақлона менамояд, агар бо ҷаҳолат шоҳид гашт, ҷоҳилӣ идомаи ҳаёташ мегардад.

Бунёди ҷомеаи солим пеш аз ҳама ба оилаи солим вобаста аст. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, устувории мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад.

Маврид ба таъкид аст, ки мо – модарон вазифадорем, ки барои инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзандонамон ғамхорӣ намоем ва ӯро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, эҳтироми падару модар ва риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намуда, барои онҳо шароити хуби таълиму тарбияро фароҳам оварем.

Тарбия ва ба камол расонидани фарзанд дар ҳама давру замон аз хонадон ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма мегирад. Зеро, танҳо оилаи солиму соҳибмаърифат метавонад фарзанди хубро тарбия намуда, ба камол расонад.

Дар тарбияи фарзанд пеш аз ҳама падару модар баъдан омӯзгор, давлат ва ҷомеа вазифадор мебошанд. Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа мебошад.

Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад. Дар ин замина, бахусус модарон дар тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва насли наврас саҳми назаррас доранд.

Баъдан, сухани навбатӣ ба Раҳматуллозода Муҳаммад – Раиси ҷавонони ҷамъият, сардори шуъбаи эътимодият ва амнияти фаннии ҷамъият вогузор гардид. Дар суханронии худ М. Раҳматуллозода ба мавзӯи саҳми ҷавонон дар амалишавии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи кӯдак” дахолат намуда, ҳамзамон қайд намуд, ки ҳар як падару модар эътибори худро дар назди фарзанд бо тарбияи хуб афзун кунонида метавонад. Дастур ва роҳнамои беҳтарин барои волидон китобҳои арзишманди ниёгонамон, аз қабили «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Насиҳатнома»-и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насриддини Тӯсӣ, «Кимиёи саодат»-и Ғаззолӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигар панду насиҳатномаҳо мебошанд.

Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо, ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад.

 Махсусан, нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Падару модар, ки сутуни хонавода ва таълимгару тарбиятдиҳандаи ба шумор мераванд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Маҳз аз падару модари хубу бомаърифату оқил фарзандони хуб ба дунё меоянд. Ҳатто бубинед, беҳуда забонро забони модарӣ намегуянд, аз модари сухандону ширинбаён фарзанд аз овони тифлӣ одоби суханвариро меомузад.

Тавре Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, «Аҳли ҷомеа ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон саҳми арзанда гузоранд».

Барои ҳамин, дар таълиму тарбияи фарзанд набояд хунукназарӣ кард. Ҳамагон, махсусан, мо, ҷавонони ҷамъият, ки созандагони ояндаи Ватан ва ҳидоятгар ба ояндаи пурсаодат ҳастем, бояд худ пеш аз ҳама соҳиби интизоми намунавӣ ва рафтору одоби шоиста бошем. Дар идомаи ҷаласа як қатор дигар кормандони ҷамъият суханронӣ намуда, оид ба аҳамияти қонуни мазкур, рӯзмарра ва тақозои замон будани тасвиби қонуни мазкур, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии падару модар ва дигар масъалаҳое, ки баъд аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур иҷрои он ҳатмӣ маҳсуб меёбанд, изҳори ақида намуданд. Дар фарҷоми ҷаласа, раисикунанда барои иштироки фаъол ва суханронии пурмуҳтаво ба ҳозирин изҳори миннатдорӣ намуда, риояи ҳатмӣ ва қатъии муқаррароти қонуни мазкурро аз ҳозирин талаб намуданд. Ҳамзамон таъкид ба амал оварданд, ки дар иҷрои талаботи қонуни мазкур, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии волидайн дар таълиму тарбияи кӯдак, ба роҳ мондани ҳамкории зич бо муассисаҳои томактабиву мактабҳо ва бароҳандозии дигар амалҳои зарурӣ, ки барои воқеан ҳам дар амал татбиқ гардидани талаботи қонуни мазкур муфиду зарурӣ арзёбӣ мегарданд, саҳлангорӣ нанамоянд.


Share:

Author: admin_shib