Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили солгарди навбатии ҷашни Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ»

Санаи 4-уми октябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кулли кормандони ҷамъият ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба таҷлили солгарди навбатии Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷаласаро Раисикунанда – сардори шуъбаи кадрҳо Муҳаммадшафо Алиев ҳусни ифтитоҳ бахшида, сараввал ҳозиринро аз номи роҳбарият ба муносибати ин иди муқаддас – Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ҳамзамон, таъкид ба амал оварданд, ки забони давлатӣ, ин забони нобу пурѓановати тоҷикӣ – нишонаи ҳастии миллати соҳибистиқлоламон, рукни асосии мавҷудияти Давлату Миллат ва мероси гаронбаҳои ниёгонамон ба шумор рафта, маҳз бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид ва ҳамчун ҷашни умумимиллӣ таҷлил карда мешавад.

Қайд гардид, ки инсон танҳо тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ оинаи таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Забони модарии мо – забони ширину шевои тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастии миллати мо ба ҳисоб меравад. Миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Забони тоҷикӣ – забони сулҳу дўстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарӣ буда, аҷдодони мо онро маҳз барои ҳамин сифатҳои олиаш мадҳу ситоиш намудаанд.

Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо вазифадорем, ки барои устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намоем, ҷиҳати ѓаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш кунем, мақому мартабаи забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем.

Дар ҷараёни ҷаласаи мазкур, сардори бахши ҳуқуқи ҷамъият Ҷ. Ҳалимов баромад намуда, дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи рушду такомули он, аҳамияти риояи талаботи қонунгузорӣ дар ин самт ва дигар ҷанбаъҳои асосии вазъи забони давлатӣ ибрози назар намуд.

Мавсуф ҳамчунин изҳор дошт, ки тибқи талаботи Қонуни мазкур дар кишвари мо забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар фаъолияти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ мақому мартабаи олӣ дорад.

 Ҳамчунин, забони давлатӣ омили муҳими иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Эҳтиром ба забони модарии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш – ин эҳтиром ба Ватан, ба Модар ва дигар арзишҳои умумимиллӣ ба шумор меравад, зеро пос доштан ва ҳифз намудани Забони давлатӣ бо ҳифзи Ватан, ҳифзи падару модар ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст.

Зеро, ҳастии ҳар як халқу миллат ба гиромидошти забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон  низ вазифадор аст, ки забони модарии худро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри омўзишу гиромидошти он талқин намояд. Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобастагӣ  дошта, нисбат ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” набояд хунукназарӣ зоҳир кард.  

Сипас як қатор масъулин ба сухан баромада, вобаста ба таърихи забони тоҷикӣ, гиромидошти ин сарвати бебаҳои миллат, истифодаи дурусти он дар коргузорӣ ва дигар фаъолияти корӣ изҳори ақида намуданд. Иброз гардид, ки забони ноби модарии мо рисолати таърихӣ ва нақши тақдирсози худро дар замони соҳибистиқлолӣ низ иҷро карда истодааст. Дар шароити пуртазоду печидаи ҷаҳони имрӯза офтоби бахти миллате тобон аст, ки истиқлоли комил дорад, сарнавишти давлат ва тақдири худро бо дасти худ менависаду месозад.

Дар фарҷоми ҷаласа, раисикунанда барои иштироки фаъол ва суханронии пурмуҳтаво ба ҳозирин изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамзамон риояи ҳатмӣ ва қатъии муқаррароти қонуни мазкурро аз ҳозирин талаб намуда, инчунин таъкид ба амал оварданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи донистани забони давлатӣ, афзун гардонидани ҳисси масъулиятшиносии ҳар як корманд вобаста ба омўзиши бечунучарои забони давлатӣ ва бароҳандозии дигар амалҳои зарурӣ, ки барои воқеан ҳам дар амал татбиқ гардидани талаботи қонуни мазкур муфиду зарурӣ арзёбӣ мегарданд, ҷиддӣ муносибат намоянд.

Share:

Author: admin_shib