Тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба рўзи дониш тариқи шабакаҳои телевизиони

Санаи 1-уми сентябри соли равон роҳбарият ва кулли кормандони корхонаҳои энергетикии кишвар, аз ҷумла ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар толори маҷлисгоҳи корхона мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рўзи дониш ва Дарси сулҳ, ки бо кормандони соҳаи маорифи кишвар ва устодону омўзгорон ва донишҷўёну хонандагон дар бинои  навбунёди муассисаи таҳсилоти умумии №19 шаҳри Душанбе баргузор гардид, дастаҷамъона тамошо намуданд.

Иброз гардид, ки мактаби мазкур аз чор ошёна ва 75 синфхона иборат буда, 3500 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад. Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат омўзгорону хонандагони ин муассисаи зебои замонавӣ ва падару модарони арҷманди онҳо ба муносибати ифтитоҳи он табрик карда шуда, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкори ватанӣ, меъморону муҳандисон ва сохтмончиён, ки ин боргоҳи илму маърифатро бо сифати баланд бунёд кардаанд, барои ташаббуси ватандӯстона ва заҳмати софдилонаашон изҳори миннатдорӣ карда шуд.

Ҳамчунин, ба омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, аз ҷумла мактаби имрӯз ифтитоҳгардида таъкид ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои беҳтарине, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат барои онҳо муҳайё карда шудаанд, бо сатҳи баланди масъулият, саводу маърифат, хониши намунавӣ ва одобу ахлоқ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд.

Зеро онҳо сокинони пойтахти мамлакат мебошанд ва пойтахт на фақат маркази маъмурӣ, балки ойинаи миллати куҳанбунёди тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли мост.

Суханрониҳои Пешвои муаззами миллат доир ба ҳамасола дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил гардидани Рўзи дониш ва Дарси сулҳ, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст, аввалин маротиба қадам гузоштани садҳо ҳазор кўдакони хушбахти замони истиқлол ба остонаи муассисаҳои таълимӣ ва омўзиши саводу дониш, одобу ахлоқ ва илму маърифат аз ҷониби онҳо, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши таълимгирандагон, рўй овардан ба илмҳои муосири замонавӣ, технологияҳои ҳозиразамон, илмҳои дақиқу риёзӣ, боз ҳам беҳтар намудани шароити зисти муаллимон ва дар робита ба ин, таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омўзгор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бешубҳа метавонад мақому мартаба ва манзалати омўзгорро дар кишвари мо боз ҳам баланд барорад, аз ҷониби кулли кормандони ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар сатҳи баланд қабул гардид.

Илова бар ин, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, бо такя ба сиёсати ободгаронаи Давлату Ҳукумат даъват ба амал оварда шуд, ки дар кишвар барои гурӯҳҳои алоҳидаи синнусолӣ, яъне хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон озмуни «Шоҳномахонӣ» роҳандозӣ гардида, дар арафаи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст карда шавад ва ғолибон бо ҷоизаву мукофотпулиҳои арзишманд қадрдонӣ карда шаванд. Инчунин, дастур дода шуд, ки мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шавад.

Албатта, ҳамаи ин пешниҳодҳо баҳри боз ҳам баланд бардоштани ҳиссиёти маорифпарваронаву рўй овардан ба осори ниёгон, фарҳанги миллӣ ва дар руҳияи пос доштани урфу одатҳои миллӣ нигаронида шудаанд, ки дар маҷмуъҳосили хуби маънавиро ба бор хоҳанд овард.

Share:

Author: admin_shib