МАЪЛУМОТ ОИД БА НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ҶСК “ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ” ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024

Маълумот оид ба натиҷаи фаъолияти ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар нимсолаи якуми соли 2024 рўзи 6 августи соли 2024
баргузор мешавад

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо дастгирӣ ва кўмаки бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли ҷорӣ ҷиҳати иҷро намудани қарорҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №330 “Дар бораи масъалаҳои ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва аз 30-уми марти соли 2024, №192 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025”, инчунин, амалӣ намудани талаботҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар давраи ҳисоботӣ самти асосии фаъолияти худро вобаста ба сарфакорона истифода намудани неруи барқ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизоти шабакаҳои интиқоли барқ ва беҳтар намудани сифати интиқоли неруи барқ равона намуд.

Дар робита ба ин, тибқи маълумотҳои фаврӣ, нишондиҳандаҳои асосии истеҳсолию молиявии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар нимсолаи якуми соли 2024 чунин ҷамъбаст гардиданд.

Аз рўи ҳисоботҳои фаврӣ, дар нимсолаи якуми соли 2024 аз тарафи ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” аз ҶСК “Барқи Тоҷик” ва неругоҳҳои барқии обии Сангтуда-1, Сангтуда-2, Роғун, ҷумҳуриҳои Ўзбекистон ва Қирғизистон, дар маҷмуъ 10 445 484 176 кВт.соат энергияи барқ қабул гардида ва дар маҷмуъ ба миқдори 10 092 109 783 кВт.соат, ба ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», барои хароҷотҳои худии неругоҳҳои барқӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ҶСК “Барқи Тоҷик”, ба ҷумҳуриҳои Афғонистон, Ўзбекистон ва Қирғизистон энергияи барқ интиқол карда шуд.

Дар маҷмуъ дар нимсолаи якуми соли 2024 талафоти энергияи барқ дар инфрасохторҳои барқии шиддати баланд (дар зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ) 350 176 189 кВт.соат ва ё 3,352%-ро ташкил дод, ки он дар муқоиса бо нимсолаи якуми соли 2023 ба миқдори 26 274 206 кВт.соат ва аз рўи фисад 0,12% кам мебошад.

Бояд тазаккур кард, ки дар маҷмуъ қабули неруи барқ дар нимсолаи якуми соли 2024 аз тарафи ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар муқоиса бо ҳамин давраи cоли 2023 ба миқдори 404 940714 кВт.соат кам мебошад.

Диаграммаи қабул, интиқол ва талафоти нерўи барқ дар нимсолаи якуми соли 2023 дар муқоисаи бо ҳамин давраи соли 2024

.

Хотиррасон намудан лозим аст, ки аз тарафи ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” қаблан дар нимсолаи якуми соли 2023 ба миқдори 10 850 424 890 кВт.соат энергияи барқ қабул гардида, талафоти энергия барқ дар шабакаҳои барқии шиддати баланд дар маҷмуъ 376 450 394 кВт.соат ва ё 3, 469%-ро ташкил дода буд.

Дар ин раванд, бо мақсади муайян ва кам намудани талафоти технологӣ дар доираи лоти 1-и лоиҳаи “Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ” то ба имрўз аз оғози корҳо 1736 адад ҳисобгиракҳои ҳозиразамони электронӣ дар неругоҳҳои барқӣ ва зеристгоҳҳои барқии 110-220-500 кВ насбу васл карда шуда, ба барномаи “АСКУЭ” пайваст карда шуданд. Инчунин бо ин мақсад, дар доираи бастаи 4-и лоиҳаи

мазкур то ба имрўз иловатан 1400 адад ҳисобгиракҳои ҳозиразамони электронӣ дар чашмакҳои содиротии 6-10-35-110 кВ-и зеристгоҳҳои барқии 110-220-500 кВ насбу васл карда шудаанд. Корҳо дар доираи ин лоиҳа идома доранд.

Дар соли 2024, ҳамчун яке аз вазифаҳои афзалиятнокии ҷамъият, масъалаи кам намудани талафоти энергияи барқ қабул гардида, бо ин мақсад қаблан 22 январи соли 2024 дар ҷамъият, бо фармони №1, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, дар асоси он аз ҷониби зерсохторҳо дар давраи ҳисоботӣ, аз ҷумла корҳои зерин амалӣ карда шудаанд:

– дар 19 адад хатҳои интиқоли барқи 110-220 кВ корҳо ҷиҳати мусоидгардонии (оптимизатсия) ҷойҳои ҷудокунии хатҳои барқӣ гузаронида шуданд;

– 40 адад трансформаторҳои қудратии шиддати аввалиашон 110 ва 220 кВ, ки дар вақтҳои дар реҷаи камборӣ фаъолият мекарданд, хомўш карда шуда буданд;

– 10 км ноқилҳои сербор дар хатҳои интиқоли барқи 110-220 кВ ба ноқилҳои буриши кундалангиашон калонтар иваз карда шуданд;

– сохтмони хати интиқоли барқи 110кВ-и Л-У-З-2 “Устувор – Зафаробод -2” бо дарозии 0,6 км иҷро карда шуд;

– баҳри сари вақт ошкор намудани нуқсонҳо дар системаи баҳисобгирии энергияи барқ ва бартараф намудани онҳо, ҳар моҳ нишондодҳои ҳисобгиракҳои барқии зеристгоҳҳои барқии 110-220-500 кВ дар як вақти муайяншуда гирифта шуда, тавозуни

зеристгоҳҳои барқии баландшиддат тартиб дода шуданд.

Дар ин самт дар нимсолаи дуюми cоли ҷорӣ, тибқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз тарафи ҷамъият корҳо идома дода мешаванд.

Баҳри дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани таҷҳизоти мавҷудаи шабакаҳои интиқоли барқи системаи энергетикии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сифати неруи барқ, дар корхонаҳои зертобеи ҷамъият корҳои таъмирию барқарорсозӣ, аз ҷумла таъмирҳои асосӣ ва ҷории таҷҳизот ба роҳ монда шуданд.

Аз ҷумла, дар ин давра дар шабакаҳои интиқоли барқ таъмири асосии 91,8 км хатҳои ҳавоии барқии 110-220-500 кВ, 8 адад трансформаторҳои қудратии 110-220 кВ, 31 маҷмуъ васлакҳои 35-110 кВ ва 3 маҷмуъ ҷудокунакҳои 110 кВ гузаронида шудаанд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ дар шабакаҳои интиқоли барқ таъмири ҷории 337,05 км хатҳои ҳавоии барқии 110-220-500 кВ, 212 адад трансформаторҳои қудратии 110-220-500 кВ, 149 маҷмуъ васлакҳои 110-220-500 кВ, 270 маҷмуъ ҷудокунакҳои 110-220-500 кВ, 19 маҷмуъ алоҳидакунак ва кўтоҳваслакҳои 110 кВ, 30 маҷмуъ трансформаторҳои шиддати 110-220-500 кВ ва 64 маҷмуъ трансформаторҳои ҷараёни 110-220-500 кВ гузаронида шуданд.

Дар ин раванд баҳри боэътимод фаъолият намудани системаи энергетикӣ ва коҳиш додани талафоти неруи барқ, дар давраи ҳисоботӣ илова ба нақшаҳои қабулгардида, корҳои зерини назаррас иҷро карда шудаанд:

Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”
дар шаҳри Душанбе:

– дар зеристгоҳи барқии 110/6 кВ-и «Султонобод» як адад чашмаки иловагии 6 кВ намуди К-VI, бо васлаки вакуумии навъи ZN-63-12/630 мўҷаҳҳазшуда, насб карда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Таъмиргар» як адад чашмаки иловагии 10 кВ намуди К-VI, бо васлаки вакуумии навъи ZN-63-12/630 мўҷаҳҳазшуда, насб карда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Равшан» равғани зарфи асосии автотрансформатори АТ-2 (125 МВА) ва дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Сироҷ Баҳром» равғани зарфи асосии трансформатори Т-1 (25 МВА) дегазатсия карда шуд;

– батареяи аккумулятории навъи 12БП-300 бо дастгоҳи заряддиҳии навъи УЗП63-2, УХЛ-4, ки дар зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» аз истифодабарӣ озод гардиданд, дар зеристгоҳи барқии 220/35/6 кВ-и «Норак» васлу насб карда шуданд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Ориёно-1» васлаки равғании 35 кВ ба васлаки элегазии 35 кВ иваз карда шуд.

Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”
дар шаҳри Гулистон:

  • дар зеристгоҳи барқии 110/35/10-6 кВ-и «Дилварзин-1» бар ивази трансформатори қудратии 25 МВА-и Т-1 трансформатори қудратии 40 МВА (навъи SFSZ-40000/110/3 5/6) насб карда шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуд;
  • трансформатори 25 МВА-и аз истифода озодгардидаи зеристгоҳи 110/35/10-6 кВ-и «Дилварзин-1» дар зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Советобод» бар ивази трансформатори қудратии 16 МВА-и Т-2 насб карда шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуд;
  • трансформатори 16 МВА-и аз истифода озодгардидаи зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Советобод» дар зеристгоҳи 110/35/6 кВ -и «Ғозиён» бар ивази трансформатори 6,3 МВА-и Т-2 насб карда шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуд;
  • баҳри кам намудани бори хати интиқоли барқи 110кВ-и Л-У-З «Устувор – Зафаробод», хати интиқоли барқи 110кВ-и Л-У-З-2 «Устувор – Зафаробод-2» бо дарозии 0,8 км сохта шуд;
  • дар зеристгоҳи барқии 220/110/10кВ-и «Бӯстон» нақшаи даромад ва баромади хати интиқоли барқи 220кВ-и Л-24-С-1 «НБО Қайроқум – Суғд-500-1», барои баҳрабардорӣ ва осон намудани хизматрасонии хати интиқоли барқии мазкур, сохта шуд.

Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”
дар шаҳри Бохтар:

  • дар зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Қурғонтеппа» бар ивази трансформатори қудратии 16 МВА-и Т-1, трансформатори қудратии 40 МВА (навъи SFSZ-40000/110/3 5/6) насб карда шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуд;
  • трансформатори 16 МВА-и аз истифода озодгардидаи зеристгоҳи 110/35/6 кВ-и «Қурғонтеппа» дар зеристгоҳи барқии “НБО-4” бар ивази трансформатори Т-4 (6,3 МВА) насб карда шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуд;
  • дар хати интиқоли барқи 220кВ-и Л-К-Гр “Камолот – Геран” ноқилҳои намуди АС-120, бо дарозии 9 км, ба ноқилҳои намуди АС-240 иваз карда шуданд;
  • дар байни фосилаи пояҳои 113-116-и хати интиқоли барқи 110кВ-и Л-Д-Ш “Даҳана – Шуғнов” ноқилҳои фарсудагардидаи намуди АС-120, бо дарозии 1650 метр, ба ноқилҳои нави АС-120 иваз карда шуданд;
  • пояҳои зарардидаи №114, 167-и хати интиқоли барқи Л-Д-Ш “Даҳана – Шуғнов” ба минтақаи бехавф кӯчонида шуданд.

Дар ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192, фармони директори генералии ҷамъият аз 15 апрели соли 2024, № 22, ба тасвиб расидааст. Дар асоси фармони мазкур бо мақсади таъмини кори мунтазами иншоотҳои энергетикӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ситоди

фаврии марказӣ бо сардории директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва дар филиалҳои ҷамъият дар шаҳрҳои Душанбе, Гулистон ва Бохтар низ чунин ситодҳо бо сардории роҳбарони аввал ташкил карда шудаанд.

Дар ситоди марказӣ ҳар моҳ ҳисоботҳои роҳбарони зерсохторҳои ҷамъият ҷиҳати тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешаванд.

Бо мақсади омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 аз тарафи филиалҳои ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳрҳои Душанбе, Гулистон ва Бохтар иҷро намудани 114 номгўи чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, аз ин миқдор чорабиниҳо то ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 49 адади онҳо пурра ва 18 адад қисман иҷро карда шудаанд. Дар маҷмуъ иҷроиши умумии нақшаи чорабиниҳои ҷамъият, бо назардошти чорабиниҳои қисман иҷрогардида, 51,4%-ро ташкил дод. Корҳо дар ин самт идома доранд.

Дар алоҳидагӣ қайд намудан зарур аст, ки дар солҳои охир бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ноил гардидан ба иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини “Истиқлолияти энергетикӣ”, баҳри баланд намудани эътимоднокии таъминоти барқ барои муштариён ва коҳиш додани талафоти неруи барқ, бо ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ, як қатор лоиҳаҳо дар системаи энергетикӣ амалӣ ва татбиқ гардида истодаанд, ки амалисозии онҳо бевосита ба фаъолияти минбаъдаи ҷамъият таъсири мусбӣ мегузоранд.

Хотиррасон намудан лозим аст, ки бо мақсади барқарорсозии фаъолияти параллелии низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо низоми энергетикии Осиёи Марказӣ, айни замон дар системаи энергетикии ҷумҳурӣ корҳо вобаста ба татбиқи лоиҳаи “Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ” тибқи нақша амалӣ шуда истодаанд.

Қайд намудан зарур аст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур дар санаҳои 7-ум ва 9-уми июни cоли 2024 системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тариқи хатҳои барқии байнидавлатии 500кВ-и Л-507 (зеристгоҳи барқии “Регар”- зеристгоҳи барқии “Гузар”) ва Л-508 (зеристгоҳи барқии “Регар”- зеристгоҳи барқии “Сурхан”), инчунин хатҳои барқии 220кВ-и Л-РД (зеристгоҳи барқии “Регар”- зеристгоҳи барқии “Денау”), Л-РЗ (зеристгоҳи барқии “Регар”- зеристгоҳи барқии “Зарчоб”), бо муваффақият ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст карда шуд.

Бояд тазаккур намуд, ки тибқи нақшаи дурнамо барои шабакаҳои барқӣ, айни замон корҳо вобаста ба амалисозии лоиҳаи «Таҷдиди шабакаи интиқоли барқ дар вилояти Суғд”, ки ҳадафи он таҷдиди зеристгоҳи барқии “Суғд-500” буда, дар доираи лоиҳаи мазкур иваз намудани як гуруҳ автотрансформатори мавҷудбудаи тавоноии 3х167 (501) МВА ба автотрансформатори нави 3х267 (801) МВА ва лоиҳаи “Васеъсозии шабакаи интиқоли барқ дар вилояти Суғд”, ки ҳадафи ин лоиҳа васеъсозии зеристгоҳи барқии “Суғд-500” буда, дар доираи лоиҳаи мазкур харидорӣ ва насб намудани як гурўҳ

автотрансформатори тавоноии 3х267 (801) МВА дар навбати сеюми зеристгоҳи барқии “Суғд-500”, инчунин харидорӣ ва насби лавҳаҳои ҳимояи релегӣ ва автоматика, системаи мониторинг, васлакҳо, ҷудокунакҳо, қисмҳои эҳтиётӣ барои автотрансформатори мазкур ва иҷрои корҳо вобаста ба сохтмон ва васлу насби таҷҳизот пешбинӣ карда шудааст, оғоз гардидаанд.

Баҳри то андозае бартараф намудани серборӣ дар зеристгоҳҳои барқӣ, аз ҷониби ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар нимсолаи аввали соли 2024 ду адад трансформаторҳои иқтидорашон 40 МВА, 110/35/6 кВ дастрас карда шуда, яке аз онҳо дар зеристгоҳи барқии 110/35/10-6 кВ-и «Дилварзин-1» ва дигараш дар зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Қурғонтеппа» насб карда шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуданд. Дар ин раванд бо насб намудани трансформаторҳои 40 МВА-и зикршуда, трансформаторҳои қудратии аз истифодабарӣ озодгардида, зина ба зина барои иваз намудани трансформаторҳои сербор дар дигар зеристгоҳҳои барқӣ истифода карда шуданд.

Натиҷаи фаъолияти истеҳсолию молиявии нимсолаи якуми соли 2024 ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”-ро ҷамъбаст намуда, роҳбарияти ҷамъият тасмим гирифтааст, ки дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Вазорати

энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нимсолаи дуюми соли 2024 корҳоро дар самти амалисозии чорабиниҳои зерин пурзур намояд:

– васеъ ҷорӣ намудани роҳҳои истифодаи самараноку сарфакоронаи неруи барқ ва андешидани тадбирҳо оид ба кам намудани талафоти технологии неруи барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ;

– дар ҳамкорӣ бо ҶСК “Барқи Тоҷик” андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати боэътимод ва босифат интиқол намудани неруи барқ дар мавсими обёрӣ ва давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ба истифодабарандагони ҷумҳурӣ, инчунин тавассути хатҳои барқии байнидавлатӣ дар фасли тобистон интиқол намудани неруи барқ ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя;

– андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо пуррагӣ иҷро гардидани нақшаҳои дар соли 2024 қабулгардида;

– дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” ва ҶСК “Барқи Тоҷик” андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати бо сифати баланд ва сари вақт амалисозии лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар шабакаҳои интиқоли барқ; – тақвият додан ба корҳо дар ҳама самтҳо дар доираи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №330, «Дар бораи масъалаҳои ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ».

Share:

Author: admin_shib