Ҷавонон парчамбардори имрўзу фардои миллат

Санаи 23-юми майи соли равон дар ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» бахшида ба Рўзи ҷавонон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кулли ҷавонони ҷамъият ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни ҷаласаи тантанавӣ ҳозирин зимни суханрониҳои табрикиашон аз мавқеву мақоми торафтафзояндаи ҷавонон – созандагони Ватан, дар сиёсати имрўзаи давлати соҳибистиқлоламон, фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳо, пешбурди иқдомҳои созанда ва наќшу саҳми босазои онҳо дар рушди  тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъкид ба амал оварданд.

Иброз гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиќлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷавонони кишвар низ дар навбати худ, бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат, вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ба корҳои бунёдгаронаву созанда машѓул мебошанд. Тавре аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, “Ҷавонони тоҷик дар рушди кишвар саҳми арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар ҳифзи марзу бум, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.”

Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ, аз тарафи роҳбарият як қатор ҷавонони ҷамъият барои фаъолияти самаранок ва меҳнати шоён бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии таҷлили Рўзи ҷавонон дар ҶСК «Шабақаҳои интиқоли барқ», ҷавонони ҷамъият аз зеристгоҳи барқии «Душанбе-500»  боздид ба амал оварда, бо фаъолияту саҳми назарраси масъулин ва бахусус ҷавонон дар ин иншооти муҳим  шиносоӣ пайдо намуданд.

Share:

Author: admin_shib