НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА МОЛИЯВИИ ҶСК “ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ” ДАР СОЛИ 2023 рўзи 13 феврали соли 2024 баргузор мешавад.

Варақаи иттилоотӣ

МАЪЛУМОТ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ
ФАЪОЛИЯТИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА МОЛИЯВИИ
ҶСК “ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ”
ДАР СОЛИ 2023

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо дастгирӣ ва кўмаки бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли 2023 ҷиҳати иҷро намудани қарорҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №330 “Дар бораи масъалаҳои ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва аз 28-уми марти соли 2023, №125 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024”, инчунин, амалӣ намудани талаботҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монд.

Бо ин мақсад, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” самти асосии фаъолияти худро вобаста ба сарфакорона истифода намудани неруи барқ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизоти шабакаҳои интиқоли барқ ва беҳтар намудани сифати интиқоли неруи барқ равона намуд.

Вобаста ба ин, тибқи маълумотҳои фаврӣ нишондиҳандаҳои асосии истеҳсолию молиявии
ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар соли 2023 чунин ҷамъбаст гардиданд.

Дар соли 2023 ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” аз ҶСК “Барқи Тоҷик” ва неругоҳҳои барқии обии Сангтуда-1, Сангтуда-2, Роѓун, ҷумҳуриҳои Ўзбекистон ва Қирѓизистон, дар маҷмуъ 22 165 216 069 кВт.соат энергияи барқ қабул гардида ва дар маҷмуъ ба миқдори 21 390 447 928 кВт.соат энергияи барқ интиқол карда шуд.

Сарфи неруи барқ барои эҳтиёҷоти худии шабакаҳои интиқоли барқ дар ин давра 11 426 214 кВт.соатро ташкил дод, ки дар муқоиса бо cоли 2022 ба миқдори 830 258 кВт. соат кам мебошад.

Дар маҷмуъ дар соли 2023 талафоти энергияи барқ дар инфрасохторҳои барқии шиддати баланд (дар зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ) 3,444%-ро ташкил дод, ки он дар муқоиса бо соли 2022 аз рўи фисад 0,013% ва дар муқоиса бо соли 2021 0,14% кам мебошад.

Бояд тазаккур кард, ки дар маҷмуъ қабули неруи барқ дар соли 2023 аз тарафи ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар муқоиса бо соли 2022 ба миқдори 598 930 828 кВт.соат ва дар муқоиса бо соли 2021 ба миқдори 1 326 149 279 кВт.соат зиёд мебошад.

Дар ин раванд, бо мақсади муайян ва кам намудани талафоти технологӣ дар доираи лоти 1-и лоиҳаи “Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ” то ба имрўз аз оѓози корҳо 1736 адад ҳисобгиракҳои ҳозиразамони электронӣ дар неругоҳҳои барқӣ ва зеристгоҳҳои барқии 110-220-500 кВ насбу васл карда шуда, ба барномаи “АСКУЭ” пайваст карда шуданд. Инчунин бо ин мақсад, дар доираи бастаи 4-и лоиҳаи мазкур то ба имрўз иловатан 1400 адад ҳисобгиракҳои ҳозиразамони электронӣ дар чашмакҳои содиротии
6-10-35 кВ-и зеристгоҳҳои барқии 110-220-500 кВ насбу васл карда шудаанд. Корҳо дар доираи ин лоиҳа идома доранд.

Дар соли 2023, ҳамчун яке аз вазифаҳои афзалиятнокии ҷамъият, масъалаи кам намудани талафоти энергияи барқ қабул гардида, бо ин мақсад қаблан 19 январи соли 2023 дар ҷамъият нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, дар асоси он аз ҷониби зерсохторҳо дар давраи ҳисоботӣ, аз ҷумла корҳои зерин амалӣ карда шудаанд:

– дар 16 адад хатҳои интиқоли барқи 110-220 кВ корҳо ҷиҳати мусоидгардонии (оптимизатсия) ҷойҳои ҷудокунии хатҳои барқӣ гузаронида шуданд;

Қабули нерўи барқ дар ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар солҳои 2021, 2022 ва 2023 (кВт•соат)

Талафоти нерўи барқ дар ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар солҳои 2021, 2022 ва 2023 (%)

– 47 адад трансформаторҳои қудратии шиддати аввалиашон 110 ва 220 кВ, ки дар вақтҳои дар реҷаи камборӣ фаъолият мекарданд, хомўш карда шуда буданд;

– дар зеристгоҳҳои барқии 110/35/10 кВ-и “Тоҷқалъа”, 110/10 кВ-и “Навобод” ва 110/35/10 кВ-и “Чашма” 4 адад трансформаторҳои сербор ба трансформаторҳои иқтидорашон баландтар иваз карда шуданд;

– дар 5 км хатҳои интиқоли барқи ҳавоии 110 кВ ноқилҳои сербор, бо дарназардошти бори воқеӣ дар онҳо, ба ноқилҳои буриши кундалангиашон калонтар иваз карда шуданд;

– баҳри сари вақт ошкор намудани нуқсонҳо дар системаи баҳисобгирии энергияи барқ ва бартараф намудани онҳо, ҳар моҳ нишондодҳои ҳисобгиракҳои барқии зеристгоҳҳои барқии 110-220-500 кВ дар як вақти муайяншуда гирифта шуда, тавозуни зеристгоҳҳои барқии баландшиддат тартиб дода шуданд.

Аз тарафи ҷамъият ба корҳо дар ин самт, тибқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар соли 2024 тақвият дода мешавад.

Баҳри дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани таҷҳизоти мавҷудаи шабакаҳои интиқоли барқи системаи энергетикии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сифати неруи барқ, дар корхонаҳои зертобеи ҷамъият корҳои таъмирию барқарорсозӣ, аз ҷумла таъмирҳои асосӣ ва ҷории таҷҳизот ба роҳ монда шуд.

Аз ҷумла, дар ин давра дар шабакаҳои интиқоли барқ таъмири асосии 175,75 км хатҳои ҳавоии барқии
110-220-500 кВ, 25 адад трансформаторҳои қудратии
35-110-220 кВ, 74 маҷмуъ васлакҳои 10-35-110 кВ, 6 маҷмуъ ҷудокунакҳои 110–220 кВ гузаронида шудаанд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ дар шабакаҳои интиқоли барқ таъмири ҷории 716,39 км хатҳои ҳавоии барқии
110-220-500 кВ, 307 адад трансформаторҳои қудратии
110-220-500 кВ, 315 маҷмуъ васлакҳои 110-220-500 кВ,
475 маҷмуъ ҷудокунакҳои 110-220-500 кВ, 43 маҷмуъ алоҳидакунак ва кўтоҳваслакҳои 110 кВ, 53 маҷмуъ трансформаторҳои шиддати 110-220-500 кВ ва 105маҷмуъ трансформаторҳои ҷараёни 110-220-500 кВ гузаронида шуданд.

Дар ин раванд баҳри боэътимод фаъолият намудани системаи энергетикӣ ва коҳиш додани талафоти неруи барқ, дар давраи ҳисоботӣ илова ба нақшаҳои қабулгардида, корҳои зерин иҷро карда шудаанд:

Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Душанбе:

– баҳри боэътимод фаъолият намудани (авто) трансформаторҳои қудратии солҳои тулонӣ дар истифода­барӣ қарордошта, 3 адад воридаҳои 220 кВ-и фарсуда­гардидаи АТ-2-и зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и “Равшан” ва 3 адад воридаҳои 220 кВ-и трансформатори қудратии Т-2-и зеристгоҳи барқии 220/35/10/6 кВ-и “Ёвон” ба воридаҳои нав, инчунин воридаҳои 110 кВ-и фарсудагардида ба воридаҳои нав дар автотрансформатори АТ-1-и зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и “Роѓун” ба миқдори
3 адад, дар трансформатори Т-1-и зеристгоҳи барқии
110/35/10 кВ “Оби Гарм” ба миқдори 3 адад, дар трансформатори Т-2-и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и “Сироҷ Баҳром” ба миқдори 3 адад ва дар трансформатори Т-2-и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и “Ҳисор” ба миқдори 3 адад иваз карда шуданд;

– воридаҳои фарсудагардидаи 110 кВ дар фазаҳои трансформаторҳои қудратии Т-1-и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Дарёобод» – 1 адад (фазаи «А»), дар Т-1-и зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Симиганҷ» – 1 адад (фазаи «А») ва дар Т-2-и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Дурбат» – 1 адад (фазаи «В») аз ҳисоби воридаҳои озодгардида аз трансформатори қудратии Т-2-и зеристгоҳи барқии
110/35/10 кВ-и «Сироҷ-Баҳром» иваз карда шуданд;

– дар пайвастагии хати интиқоли барқи Л-8-10 (НБО-и “Бойѓозӣ- МБГ-и “Ёвон”) зеристгоҳи барқии 220/35/10/6 кВ-и «Ёвон» васлаки равѓании 220 кВ ба васлаки элегазӣ иваз карда шуд;

– васлакҳои равѓании 110 кВ дар пайвастагии трансформатори қудратии Т-1-и зеристгоҳҳои барқии 110/35/10 кВ-и «Пугус» ва дар пайвастагии Т-2-и зеристгоҳи барқии 110/6 кВ-и “Даштибед” ба васлакҳои элегазии 110 кВ иваз карда шуданд;

– дар пайвастагии хати барқии Л-ГШ (Ҳисор – Шаҳринав) зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Ҳисор» васлаки равѓани 35 кВ ба васлаки элегазӣ иваз карда шуд;

– баҳри сазовор истиқбол намудани маъракаҳои сиёсӣ, дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Ҳисор» трансформаторҳои қудратӣ, таҷҳизотҳои барқии 110, 35,
10 кВ, пояҳои бетонӣ ва равоқпояҳои (портал) зеристгоҳ пурра рангубор карда шуданд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Ҳисор» алоҳидакунак-кўтоҳваслакҳои 110 кВ-и (ОД-КЗ-110 кВ) пайвастагии трансформаторҳои Т-1, Т-2 ва Т-3 ба васлакҳои элегазӣ иваз карда шудаанд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/6 кВ-и «Султонобод» алоҳидакунак-кўтоҳваслаки 110 кВ (ОД-КЗ-110 кВ)-и пайвастагии трансформатори Т-1 ба васлаки элегазӣ иваз карда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии «Регар-500» бо сабаби зиёд гардидани консентратсияи газҳо дар воридаи 220кВ-и автотрансформатори АТ-3 фазаи «В», воридаи мазкур иваз карда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Равшан» равѓани зарфи асосии автотрансформатори АТ-2 (125 МВА) дегазатсия ва хушконида шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Тоҷикобод» алоҳидакунак-кўтоҳваслакҳои 110 кВ-и пайвастагии трансформатори Т-2 ба васлаки элегазӣ иваз карда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Чоряккорон» алоҳидакунак – кўтоҳваслакҳои 110 кВ-и пайвастагиҳои трансформаторҳои Т-1 ва Т-2 ба васлакҳои элегазӣ иваз карда шуданд;

– дар пайвастагиҳои трансформаторҳои Т-1-и зеристгоҳҳои барқии 110/10 кВ-и «Лақаён», 110/6 кВ-и «Тус» ва 110/35/10 кВ-и «Тоҷикобод» алоҳидакунак-кўтоҳваслакҳои 110 кВ-и онҳо ба васлакҳои элегазии 110 кВ иваз карда шуданд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Дубеда» алоҳидакунак-кўтоҳваслакҳои 110 кВ-и пайвастагии трансформаторҳои Т-1 ва Т-2 ба васлаки элегазӣ иваз карда шудаанд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Файзобод» алоҳидакунак-кўтоҳваслаки 110 кВ-и пайвастагии трансформатори Т-1 ба васлаки элегазӣ иваз карда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и «Нав» васлаки навъи ЭГВ-110 кВ-и хати интиқоли барқ Л-НК-2 ба васлаки элегазии навъи LW30-145/T3150-40 иваз карда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/6 кВ-и «Хоҷабулбулон» алоҳидакунак-кўтоҳваслаки 110 кВ-и пайвастагии трансформатори қудратии Т-1 ба васлаки элегазӣ иваз карда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Сироҷ Баҳром» васлаки равѓании 110 кВ-и фазаи “А”-и хати интиқоли барқи Л-ОВС “Ориёно – 2 – Сироҷ Баҳром” ба намуди
БМВУ-110/1000 иваз карда шуд;

– дар пайвастагиҳои трансформаторҳои Т-1-и зеристгоҳҳои барқии 110/10 кВ-и «Камонгарон», «Боботоѓ» ва «Таъмиргар», инчунин дар пайвастагиҳои трансформаторҳои Т-2-и зеристгоҳи барқии «Таъмиргар» алоҳидакунак-кўтоҳваслакҳои 110 кВ ба васлакҳои элегазӣ иваз карда шуданд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Таъмиргар» воридаи 110 кВ фазаи “В”–и трансформатори қудратии Т-1-и он, бо сабаби фарсуда гардидан, иваз карда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 220/35/6 кВ-и “Норак” аз сабаби зиёд гардидани консентратсияи газҳо дар воридаҳои 220 кВ-и фазаҳои “А” ва “В” трансформатори қудратии Т-1, воридаҳои мазкур аз ҳисоби воридаҳои эҳтиётии 220 кВ навъи ГБМТ-220/2000 иваз карда шуданд. Аз сабаби набудани воридаҳои эҳтиётии 220 кВ, дар воридаҳои аз истифодабарӣ озодгардидаи Т-1 корҳои газхолискунӣ гузаронида шуда, бар ивази воридаҳои фазаҳои “А” ва “С” трансформатори қудратии Т-2, ки нишондодҳои газҳояшон ба меъёр ҷавобгў набуданд, насбу васл карда шуданд.

Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”
дар шаҳри Бохтар:

– дар зеристгоҳи барқии 220/110/10кВ-и «Камолот» дар пайвастагии хати интиқоли барқи Л-КГР “Камолот – Геран” васлаки равѓани 220кВ ба васлаки элегазӣ иваз карда шуд;

– васлаки равѓании 110 кВ-и пайвастагии АТ-2 дар зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и «Румӣ», васлаки равѓании 110 кВ-и пайвастагии ОВ-110 кВ дар зеристгоҳи барқии 220/110/10кВ-и «Камолот» ва алоҳидакунак – кўтоҳваслаки 110 кВ-и пайвастагии трансформатори қудратии Т-2-и зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Амон» ба васлакҳои элегазии 110 кВ иваз карда шуданд;

– васлаки байнибахшии равѓании 35 кВ дар зеристгоҳи барқии 110/35/6кВ-и «Қубодиён-6», васлаки равѓании 35 кВ дар пайвастагии Т-1-и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Панҷруд», васлаки равѓании 35 кВ дар чашмаки хати интиқоли барқи Л-ШТД-и зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Шугнов» ва васлаки равѓании 35 кВ дар пайвастагии Т-1-и зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и “Қурѓонтеппа” ба васлакҳои элегазии 35 кВ иваз карда шуданд;

– аз зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Амон» трансформатори қудратии аз истифодабарӣ озодгардидаи
10 МВА, 110/35/10 кВ барои сохтмони навбати дуюм дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Чашма» оварда шуда, бо таҷҳизотҳои қисмати 110, 35 кВ-и он насб карда шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуд;

– бо мақсади кам намудани талафоти энергияи барқ, трансформатори қудратии 16 МВА, ки дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Восеъ» аз истифодабарӣ озод гардид, ба зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Тоҷқалъа» оварда шуда, бар ивази трансформатори корношоями Т-2 насб карда шуд. Дар баробари ин дар пайвастагии трансформатори Т-2–и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Тоҷқалъа» васлаки навъи ММО-110кВ ба васлаки ВМТ-110кВ иваз карда шуд. Инчунин, маҳдудсозҳои фузуншиддатии 110, 35, 10 кВ-и пайвастагии трансформатори Т-2 иваз карда шуданд. Таҷҳизотҳои барқӣ ва металлоконструксияи зеристгоҳи мазкур пурра рангубор карда шуданд;

– бо мақсади аз серборӣ озод намудани трансформатори қудратии Т-1 (10 МВА) -и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и “20 солагии истиқлолияти ҶТ”, бар ивази трансформатори он трансформатори қудратии 16 МВА, 110/35/10 кВ, ки дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ–и «Восеъ» аз истифодабарӣ озод гардид, насб карда шуд ва инчунин бо ин мақсад, дар навбати худ, дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Навобод» трансформатори қудратии 10 МВА, 110/35/10 кВ, ки дар зеристгоҳи барқии «20 солагии ИҶТ»-110/35/10 кВ аз истифодабарӣ озод гардид, бар ивази трансформатори
Т-1 (6,3 МВА) насб карда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Қурѓонтеппа» дар пайвастагии трансформатори қудратии Т-1 васлаки равѓании 35 кВ ба васлаки элегазии 35 кВ иваз карда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ – и «Шугнов» дар пайвастагии хати интиқоли барқи 35 кВ-и Л-ШТД “Шугнов – Тавилдара” васлаки равѓании 35 кВ ба васлаки элегазии 35 кВ иваз карда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Фархор-Обшор» утоқи аккумуляторӣ сохта шуда, дар он батареяҳои аккумуляторҳои навъи 12БП-300 бо дастгоҳи заряддиҳие, ки ҳангоми таҷдиди зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Восеъ» аз истифодабарӣ озод гардидаанд, насб карда шуданд.

Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”
дар шаҳри Гулистон:

– баҳри боэътимод фаъолият намудани (авто) трансформаторҳои қудратии солҳои тулонӣ дар истифодабарӣ қарордошта, дар маҷмуъ 6 адад воридаҳои
220 кВ-и фарсудагардидаи АТ-1 ва АТ-2-и зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и “Ашт” ба воридаҳои нав, инчунин 6 адад воридаҳои 110 кВ-и фарсудагардидаи онҳо ба воридаҳои нав иваз карда шуданд;

васлаки равѓании 220 кВ дар пайвастагии 4В-и зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и «Конибодом» ба васлаки элегазӣ иваз карда шуд;

– дар пайвастагиҳои трансформатори қудратии Т-2-и зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Ҷомӣ» ва дар пайвастагиҳои трансформатори қудратии Т-1-и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Чорбоѓ» алоҳидакунак ва кўтоҳваслакҳои 110 кВ, инчунин васлаки равѓании 110 кВ дар пайвастагии хати интиқоли барқи Л-КБ-Ш (Конибодом – Шуроб) зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и «Конибодом» ба васлакҳои элегазии 110 кВ иваз карда шуданд;

– дар пайвастагии трансформатори қудратии Т-4-и зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Конибодом», дар пайвастагиҳои трансформаторҳои қудратии Т-1 ва Т-2 ва дар пайвастагии байнибахшии (ВС-35 кВ) зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Чорбоѓ», дар пайвастагии трансформатори қудратии Т-1-и зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Зафаробод», инчунин дар пайвастагии хати интиқоли барқи Л-Ур (Ленинобод – Урунхуҷаев)-и зеристгоҳи барқии
110/35/6 кВ-и «Ленинобод» васлакҳои равѓании 35 кВ ба васлакҳои элегазӣ иваз карда шуданд;

– дар рафти омодагиҳо ба таҷлили иди “Наврўз” дар вилояти Суѓд бо иштироки меҳмонони олиқадр, тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшудаи ҷамъият дар зеристгоҳҳои барқии 220/110/10 кВ-и “Устувор”, 220/10 кВ-и “Кишоварз-1” металлоконструксияҳо, таҷҳизотҳо ва биноҳои пулти идораи фаврӣ рангубор карда шуданд. Инчунин, бо ин мақсад зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и “Қолинбоф” пурра таъмир ва рангубор карда шуд;

– вобаста ба омода намудани шабакаҳои барқӣ ба мавсими обёрӣ зеристгоҳи барқии «Ёрӣ»-110/6 кВ пурра аз таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, металоконструксияҳои зеристгоҳ пурра рангубор карда шудаанд;

– бо мақсади кам намудани сербории зеристгоҳҳои барқии 110 кВ-и минтақаи Истаравшан, дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Сабристон» автотрансформатори тавоноиаш 63МВА, бо таҷҳизотҳо дар пайвастагиҳояш, муваққатан насб карда шуд;

– бо мақсади кам намудани сербории зеристгоҳҳои барқии 110 кВ-и минтақаи Истаравшан, дар навбати сеюми зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ–и «Чорбоѓ» трансформатори қудратии 16 МВА, ки аз зеристгоҳи барқии «Сабристон» таҷзия шуда буд, муваққатан насб карда шуд;

– бо мақсади кам намудани сербории зеристгоҳҳои барқии 110 кВ-и минтақаи Истаравшан, дар навбати сеюми зеристгоҳи барқии 110/10-6 кВ-и «Ѓулакандоз» трансформатори қудратии 6 МВА насб карда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Чорбоѓ», бо иштирок ва таҳти роҳбарии намояндаи заводи истеҳсолкунандаи трансформатор аз Ҷумҳурии Халқии Хитой, таъмири асосии трансформатори қудратии 40 МВА-и он гузаронида шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуд. Инчунин, дар зеристгоҳи мазкур ҳамаи пояҳои таҷҳизоти
110 кВ, 35 кВ ва дастгоҳи тақсимотии кушодаи-10 кВ, инчунин бинои пулти идораи фаврӣ рангубор карда шуданд.

Дар ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125, фармони директори генералии ҷамъият аз 5 апрели соли 2023, № 20, ба тасвиб расид. Дар асоси фармони мазкур бо мақсади таъмини кори мунтазами иншоотҳои энергетикӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ситоди фаврии марказӣ бо сардории директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва дар филиалҳои ҷамъият дар шаҳрҳои Душанбе, Гулистон ва Бохтар низ чунин ситодҳо бо сардории роҳбарони аввал ташкил карда шудаанд.

Бо мақсади омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 аз тарафи филиалҳои ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳрҳои Душанбе, Гулистон ва Бохтар иҷро намудани 111 номгўи чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, то ба ҳолати 29 -уми сентябри соли 2023 ҳама чорабиниҳои банақшагирифташуда пурра иҷро карда шудаанд.

Дар ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ҳоло 1 ҳазору 621 нафар корманд, аз ҷумла дар дастгоҳи марказӣ 111 нафар, дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Душанбе 449 нафар, дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Бохтар 483 нафар ва дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Гулистон 578 нафар, кору фаъолият намуда истодаанд.

Натиҷаи фаъолияти истеҳсолию молиявии соли 2023 ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”-ро ҷамъбаст намуда ҷамъият тасмим гирифтааст, ки дар соли 2024 корҳоро дар самти амалисозии чорабиниҳои зерин пурзур намояд:

– васеъ ҷорӣ намудани роҳҳои истифодаи самараноку сарфакоронаи неруи барқ ва андешидани тадбирҳо оид ба кам намудани талафоти технологии неруи барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ;

– дар ҳамкорӣ бо ҶСК “Барқи Тоҷик” андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати боэътимод ва босифат интиқол намудани неруи барқ дар фасли зимистон ва мавсими обёрӣ;

– андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо пуррагӣ иҷро гардидани нақшаҳои дар соли 2024 қабулгардида;

– дар ҳамкорӣ бо МД “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати бо сифати баланд ва сари вақт амалисозии лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар шабакаҳои интиқоли барқ;

– тақвият додан ба корҳо дар ҳама самтҳо дар доираи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №330, «Дар бораи масъалаҳои ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ».

Share:

Author: admin_shib