Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (28.12.2023 сол)

Рўзи 28 декабри соли 2023 дар толори дар толори идора тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар баргузор гардид, ки дар он кулли кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиќоли барќ» иштирок доштанд. Кормандон доир ба масъалаҳое, ки бевосита ба фаъолияти ҷамъият рабт дошта, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид гардид, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳо дар иншоотҳои тавлиди неруи барқ, сарфаву сариштакорона истифода бурдани неруи барқ, таҷдиди як зумра неругоҳҳои барқи обии ва зеристгоҳҳои барќи кишвар, баланд бардоштани истеҳсоли неруи «сабз» бо истифода аз неруи офтоб ва шамол, чораҷӯӣ дар самти сохтмони манбаъҳои тавлиди барқ ва ғайра аз мавзӯъҳое буданд, ки бевосита аз ҷониби кормандон ҳамчун дастури амал давоми соли нави мелодии 2024 мавриди истифода ва иҷро қарор дода хоҳанд шуд.

Share:

Author: admin_shib