Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами миллӣ яке аз муқаддасоте аст, ки симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Парчам рамзи давлатдорӣ, нишонаи сулҳу субот ва озодии миллат аст. Парчам аз қадим барои халқи тоҷик ҳамчун нишонаи ҷавонмардиву тавоноӣ ва ҷонисории халқ баҳри ободии давлат эътироф шудааст. Пос доштан ва ҳимоя кардани парчами миллӣ посдоштани ва ҳимоя кардани Ватан, хонаводаву фарзандони худ, таъриху сунатҳои халқу кишвари худ аст. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфтанд:

“Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.

Воқеан ҳам, донистани мазмуну муҳтавои парчам, шаклу маъно ва ишораҳои дар он таҷассумёфта дунёи ботинии инсонро рангину зебо мегардонад. Инсоният дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ифодаи маром ва ҳадафҳои хеш рамзҳои гуногунро эҷод намудааст. Яъне, рамзҳо як навъ ифодагари орзуву омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо мебошад.


Warning: Trying to access array offset on value of type bool in /home/shib/sites/shib.tj/wp-content/themes/coolwp-pro/inc/functions/share-buttons.php on line 36
Share:

Author: admin_shib

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *