Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар толори калони идора Ҷаласаи тантанавии кормандони Ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқол барқ», Ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик,   «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва кумитаи Ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон  бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баргузор гардид.

Шуруъ аз соли 2016, баъд аз ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Рӯзҳои ид” ба хотири гиромидошти хизматҳои шабонарӯзӣ ва хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон санаи 16-уми ноябрро ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар фазои сулҳу субот ва оромӣ ҷашн мегиранд.

Бешак, Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари давлатдории навини тоҷикон буда, маҳз муҳаббати мардум аст, ки 16 ноябр ҳамасола дар мамлакати мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Чунки 16 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз маросими савгандёдкунӣ ба ҳайси Сарвари давлат ба фаъолият шурӯъ намуда, барои мардум сулҳ овард. Ин марди худодод тавонист табассуми гумшударо ба лабони пиру барно дубора баргардонад.

Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, беҳсозии сатҳи некӯаҳволии мардум, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бузург аст.

Бояд хитирнишон намуд, ки дар кишвари азизамон пас аз соҳибистиқлолӣ амалҳои гуногун рух доданд, ки онҳоро шартан ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мункин аст: 1) амалҳое, ки монеаи рушду нумӯи Истиқлолият буданд ва 2) амалҳое, ки баҳри рушди Истиқлоли кишвар равона гардида буданд.

Муҳимтарин амал дар рушди ояндаи Истиқлолияти кишвар, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри таърихии Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад. Иҷлосияи XVI ва санадҳои ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Дар он шабу рӯз, роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самаранокро оғоз кард. Дар назди вакилони Иҷлосияи тақдирсоз, вазифаҳои гуногун гузошта шуда буданд.

Аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим, интихоби Раиси нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Пас аз интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар ба вуқуъ пайваст. Дар суханронии аввали худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам”.

Бо мақсади хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва таҳкими сулҳу салоҳ миёни гурӯҳҳои гуногун, яъне (мухолифин) Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипи башардӯстона қарор дахлдорро оиди аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ озод намудани шахсоне, ки аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 мухолифати мусаллаҳона ё амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд, қабул намуд.

Ин ҳуҷҷатҳои муҳим ва қабули Қонун “Дар бораи гурезагон”, ки ба онҳо амнияти шахсӣ ва имтиёзҳои имконпазирро кафолат медод, бори дигар собит намуд, ки роҳбарияти нави Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тарафдори сулҳу осоиш буда, баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош доранд.

Дар Иҷлосия, ҳукумате таъсис ёфт, ки дар як муддати кӯтоҳ тавонист, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, махсусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Ҳукумати конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.

Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милитсия аз нав созмон ёфта, Ҳукуматҳои маҳаллӣ, ки дар бисёр ноҳияҳо аслан аз байн рафта буд, барқарор карда шуд.

Share:

Author: admin_shib