Дастёрони ихтиёрии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ»

Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ” аз 22 июни соли 2023, №1969, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, №400 «Оид ба тасдиқи Низомномаи дружинаи ихтиёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори раиси шаҳри Душанбе аз 21 сентябри соли 2010, №554-19, Қарори раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 3 ноябри соли 2010, №252  ва фармони директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» аз 2 феврали соли 2022, № 15 барои иштирок дар нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз ҳисоби кормандони ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дастёрони ихтиёрӣ иборат аз 39 нафар ташкил карда шудааст.           Коллективи кормандони ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ»  бо мақсади  мусоидат ба иҷрои вазифаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи љамъиятӣ, тарғиби донишҳои  ҳуқуқӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳо, дар кори тарбияи шаҳрвандон ба риоя ва эҳтироми қонун кумак мерасонанд.

Share:

Author: admin_shib

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *