Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ»  вобаста ба иҷрои барқияи электронии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 30 октябри  соли 2023, №14,  бо мақсади истиқболи сазовор  пешвоз гирифтани  Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 3-юми ноябри соли 2023 дар идора маҷлиси тантанави бо иштироки кормандон дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуда, моҳияти Конститутсия ба таври васеъ таблиғу ташвиқ гардид.  

 6-ноябр халқи Тоҷикистон ҷашни фархундаю хуҷаста – ҳуҷҷати сарнавиштсози худ – Рӯзи Конститутсияро бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми табрикиашон ба муносибати Рӯзи Конститутсия қабули ин ҳуҷҷати муҳимму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд:«Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».

Бунёди давлати ҳуқуқбунёд ҳар яки моро вазифадор месозад, ки риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад.
                                                                                             Эмомал
ӣ Раҳмон

Share:

Author: admin_shib

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *