Истиқболи сазовор  пешвоз гирифтани  ҷашни муқаддаси миллӣ 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

       Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ»  вобаста ба иҷрои барқияи ҳукуматӣ аз 31 августи  соли 2023, №24/10-12,  бо мақсади истиқболи сазовор  пешвоз гирифтани  ҷашни муқаддаси миллӣ 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 9-уми сентябри соли 2023  дар гирду атрофи замини бинои ҷамъият ҳашарҳои умумӣ ташкил карда,  гулҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои сояафкан шинонида, тозаю  озода намуда, дар  атрофи бинои ҷамъият шиору овезаҳо аз паёмҳо, суханрониҳо, китобҳо ва таълифоти дигари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, овезон карда шуданд.

          Ба муносибати ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори идора маҷлиси тантанави ва чорабиниҳои фарҳанги бо иштироки кормандон дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуда тавассути шабакаҳои телевизиони моҳияти Истиқлолу озодӣ, Сулҳу субот, Ваҳдату ягонагӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолии соҳаи энергетика ба таври васеъ таблиѓу ташвиқ гардид.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶСК   «Шабакаҳои интиқоли барқ» фармони  директори генералии ҷамъият  аз                      05 апрели  соли 2023, № 20 ба тасвиб расидааст. Дар асоси фармони мазкур бо мақсади таъмини кори мунтазами иншоотҳои энергетикӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ситоди фаврии марказӣ бо сардории директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва дар филиалҳои ҷамъият дар шаҳрҳои Душанбе, Гулистон ва Бохтар низ чунин ситодҳо бо сардории роҳбарони аввал ташкил карда шудаанд.

 Дар ситоди марказӣ ҳар моҳ ҳисоботи роҳбарони алоҳидаи зерсохторҳои ҷамъият ҷиҳати тайёрӣ ба мавсими  тирамоҳу зимистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешавад.

Бо мақсади  омодагӣ  ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои   2023-2024  аз  тарафи  филиалҳои  ҶСК   «Шабакаҳои  интиқоли  барқ»  дар шаҳрҳои Душанбе, Гулистон ва Бохтар иҷро намудани  111  номгўи  чорабиниҳо  ба  нақша  гирифта  шуда,  аз  ин  миқдор   чорабиниҳо  то  ба    ҳолати 8 -уми  сентябри  соли  2023    95  адад   пурра  ва  13 адад қисман  иҷро карда  шудаанд.  Дар  маҷмуъ  иҷроиши  умумии  нақшаи  чорабиниҳои ҷамъият, бо назардошти  чорабиниҳои  қисман  иҷрогардида,  93,4 %-ро  ташкил медиҳад. Корҳо дар ин самт идома доранд.

            Бо мақсади таъмин намудани амният, тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарӣ аз сўхтор дар дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои тобеи ҷамъият рўзҳои 9-ум, 10-ум, 11-ум, 14-ум ва 15-уми сентябри соли 2023 навбатдории шабонарўзӣ ташкил карда шуд.

Share:

Author: admin_shib